11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Сафири Тоҷикистон дар Малезӣ худро карантин намекунад?

Сарвазири собиқи Малезӣ Маҳотир Муҳаммад баъди он ки маълум шуд бо як вакили дучори коруно мулоқот кардааст, худро карантин кард. Аммо аз карантини сафири Тоҷикистон дар ин кишвар, ки 10 рӯз пас аз он мулоқот бо дуктур Маҳотир Муҳаммад мулоқот кардааст, хабаре нест.

Тибқи иттилоъи расонаҳои малезигӣ бо истинод ба сухангӯи дуктур Маҳотир Муҳаммад, ӯ баъди он, ки маълум шуд вакили парлумон Эндрю Вонг Лин Биу бинобар ибтило ба коруно бистарӣ шудааст, рӯзи 17 март худро карантин кард. Мулоқоти сарвазири қаблии Малезӣ бо ин вакил 3 март сурат гирифта, 15 март ташхиси ӯ аз коруно мусбат натиҷа додааст.

Дар ҳамин ҳол, сойти сафорати Тоҷикистон дар Малезӣ аз вохӯрии сафири кишвар Ардашер Қодирӣ бо дуктур Маҳотир Муҳаммад дар санаи 13 март хабар медиҳад. Яъне 10 рӯз пас аз мулоқоти дуктур бо вакили парлумон ва 4 рӯз қабл аз карантини ӯ. 

Тибқи иттилоъи манбаъ ҷонибҳо дар бораи муносиботи сиёсӣ, иҷтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Малезӣ табодули назар кардаанд. Сафир сарвазири собиқи Малезиро ба конфронси “Об барои рушди босубот”, ки қарор аст 18-20 июн дар Душанбе баргузор мешавад, даъват намудааст.

Бо гузашти як ҳафта аз карантини доктор Маҳотир Муҳаммад, аз карантини сафири Тоҷкистон хабаре нест. Ҳамчунин маълум нест баъди мулоқот бо дуктур ӯ бо чӣ касони дигаре иртибот доштааст. 

Худи дуктур Маҳотир Муҳаммади 95-сола дар гуфтугӯ бо канали TV3 Utama дар бораи карантинаш қисса кардааст.

“Ман ба карантин идома медиҳам. Бояд барои ҳали ин мушкил интизомро риоя кард. Мо бояд худро барои 14 рӯз карантин кунем. Агар мо чунин кардем имкони паҳншавии вирус байни дигарон камтар мешавад” — гуфтааст дуктур.

“Ҳоло ман дар хонаам. Наметавонам хориҷ шавам ва бо дигарон мулоқот кунам. Наметавонам дасти дигаронро фишорам” — изҳор доштааст ӯ. 

“Вале, алҳамдулиллоҳ, бароям мушкил нест” — гуфтааст сарвазири собиқи Малезӣ.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *