Рубрики Хабарҳо

«СомонЭйр»ҳавопаймоҳои чехӣ мехарад

Дар шаҳри Душанбе роҳбарияти Ширкати “Омнипол”-и Чехия ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG ба мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муаррифии ҳавопаймоҳои мазкур зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ноиби президенти ширкати “Омнипол”-и Чехия Джозеф Пига, ки ахиран дар Вазорати нақлиёти кишвар баргузор гардид, сурат гирифт.

Намояндагони ширкати “Омнипол” гуфтаанд, ки ҳавопаймоҳои чехӣ аз барои бехатарӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, барои мусофиркашонӣ ва интиқоли бор дар қаламрави Тоҷикистон мусоид мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Азиз Набизода, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт, омодагии Агентиро барои идомаи гуфтушунид ва ҳамкории минбаъда бо ин ширкат иброз намудааст.

Гуфта мешавад ин ҳавопаймоҳо ба ширкати марбути оилаи раисҷумҳур “СомонЭйр” харидорӣ хоҳад шуд.

Аввалин ҳавопаймохарии «СомонЭйр» соли 2011 иттифоқ афтод. Он сол ҳукумат эълон кард саҳмияи НОБ «Роғун»-ро ба фурӯш гузоштааст ва маъракаи таблиғу фурӯшии иҷбории он ҳатто дар боғчаҳои бачаҳову мактабҳо шурӯъ шуд. Баъди фурӯхта шудани саҳмия ба маблағи баробар ба 186 миллион доллар ин маърака ҳамон гуна ки сар шуда буд, ногаҳон қатъ гашт. Моҳе пас маълум шуд «СомонЭйр» ба ҳамин маблағ ду ҳавопаймои «Боинг» харидааст.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти ширкати “Омнипол” дастрас намудани таҷҳизоти авиатсонӣ ва ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG барои парвозҳои маҳаллӣ мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *