Categories Хабарҳо

23 сол ҳукми афсару ду сарбоз барои ба марг расондани Зоиров

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон барои “ба марг расонидани як сарбоз” афсареро ба нӯҳ сол ва ду сарбозро ба мӯҳлати ҳафт солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳукми Бахтиёр Абронов, афсари як қисми низомӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиии вилояти Хатлон, сарбозон‑‑Фурқат Маҳмадалиев ва Қосим Хидиров барои «ба марг расонидани як сарбоз» рӯзи 26‑уми октябр эълон шудааст.

Додгоҳ онҳоро дар марги Рамазон Зоиров, сарбози 22 ‑сола гунаҳкор донист. Назари пайвандони маҳкумшудаҳо, ки то куҷо ба ин ҳукм розӣ ҳастанд, ҳанӯз дастрас нашудааст.

Ҷасади сарбоз Рамазон Зоировро охири моҳи июл ба волидонаш дар ноҳияи Рӯдакӣ супурданд. Масъулони қисми низомӣ гуфта буданд, ки ӯ ҳангоми бозӣ бо силоҳ ногаҳон ба худ тир задааст. Пайвандонаш ба ин ҳарфи масъулони қисми ҳарбӣ бовар накарданд ва ба додситони ҳарбӣ муроҷиат намуданд.

Мақомоти додгоҳ мегӯянд, тафтиш собит кард, ки Рамазон Зоировро афсар бо ду сарбоз барои “қазои ҳоҷат” кардани сарбозе дар назди девори дидбонгоҳ лату куб кардаанд. Ба ӯ мӯҳлат додаанд, то маълум кунад, ки кӣ ин корро кардааст, вале “Зоиров таҳқиру латтукубро таҳаммул намекунад ва ба манораи дидбонгоҳ баромада худашро бо силоҳи Калашников мепаронад”.

Рамазон Зоиров ним соли пеш аз маргаш ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда буд.

Додгоҳи Хатлон сержант Бахтиёр Аброновро бо модда 391‑и Кодекси ҷиноӣ, “сӯистифода аз мақоми хизматӣ” ва сарбозонро бо моддаи 373, “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” гунаҳкор донистааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *