Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 29 ок тябр эълон кардааст
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 13 сомониву 8 дирам нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10 сомониву 33 дирам то 10 сомониву 34 дирам арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12 сомониву 12 дирам то 12 сомониву 50 дирам арзёбӣ кардааст.
Коршиносон қурби рубл, доллар ва евроро дар моҳи ноябр, охирин моҳи тирамоҳи 2020 пешгӯӣ намуданд, ки ду равиш дорад
Нашрияи «Российская газета» аз қавли таҳлилгари асосии Forex Optimum, Иван Капустянский менависад, ки дар сурати манфии ҳаводис, қурби 100 доллар то 8200 рубл боло хоҳад рафт ва 100 евро аз 9300 рубл хоҳад гузашт.
Дар сурати мусбат қурби 100 доллар то 7400-7600 рубл поин хоҳад рафт ва арзиши 100 евро на баландтар аз 8900 рубл хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд ва масъалаи қурб барои онҳо низ муҳим мебошад, чун аксарашон бо рубли русӣ маош мегиранд. Инчунин таносуби қурби доллару рубл ба арзиши пули миллӣ дар Тоҷикистон таъсир дорад.
Капустянский тавзеҳ додааст, ки ба қурби рубл дар моҳи ноябр натиҷаи интихоботи раисиҷумҳури Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ва сатҳи дастгирии қурб аз ҷониби Бонки марказии Русия таъсир хоҳанд дошт.
Ин коршинос гуфтааст, ки барои устувории қурби рубл воридоти асъори хориҷӣ ба бозор аз ҷониби Бонки марказии Русия дар ҳаҷми 195 миллиард рубл мусоидат хоҳад кард. Инчунин фурӯши асъори ширкатҳои давлатӣ кумак хоҳад кард, ки бо дастури Ҳукумат ҳифзи мавқеъи асъорро бояд дар сатҳи соли 2018 дастгирӣ намоянд.
Коршинос афзудааст, ки интихоботи раисиҷумҳури ИМА низ ба қурби рубл таъсир хоҳад дошт, ки раисиҷумҳури нави ИМА нисбати Русия чигуна мавқеъгирӣ хоҳад кард. Инчунин аз натиҷаи интихобот ҳаҷми кумак ба иқтисодиёти ИМА низ вобаста мебошад, ки амалан ба қурби доллар, аз ҷумла нисбати рубл таъсир хоҳад дошт.
******
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1877 доллару 17 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.
******
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 38 доллару 25 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 35 доллару 95 сент муомила шуд.
**********
Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. То имрӯз дар Тоҷикистон 330 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба ҳудуди 80%-и нақша баробар аст. Ҳосили бештар дар вилояти Хатлон ҷамъоварӣ шудааст.
Дар бозори ҷаҳонӣ дирӯз 28 октябр ҳар 100 фунт пахта бо арзиши 70 доллару 17 сент нархгузорӣ шуд. Ҳар 100 фунт баробари каме бештар аз 45 кило аст.
*********
Тоҷикистон бо 108 кишвари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом додааст, аммо воридоти мол аз 99 кишвар нисбат ба содирот бартарӣ дорад. Ғайр аз ин, аз 65 кишвар танҳо воридот — бе содироти мол амалӣ шудааст.
Ҳаҷми муомилоти хориҷии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли равон беш аз 3,4 миллиард долларро ташкил дод, ки ин 8,3 дар сад ё худ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262 миллион доллар зиёдтар аст.
Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар, тавозуни савдо манфӣ буда, 1 миллиарду 42 миллиону 300 ҳазор долларро ташкил додааст.
Воридоти молҳо дар давраи муайяншуда беш аз 2миллиарду 200 миллион долларро ташкил додааст, ки 6,6 дар сад, ё нисбат ба ҳаҷми давраи дахлдори соли 2019 158 миллиону 700 ҳазор доллар камтар аст.
Содироти маҳсулот 54,8 дар сад ё 420 миллиону 700 ҳазор доллар афзуда, 1 миллиарду 189 миллион долларро ташкил дод.
Нишондиҳандаҳои воридоти мол аз 99 кишвар нисбат ба содироти маҳсулот бартарӣ доранд. Бо ҳамагӣ 9 кишвар содироти молҳо аз воридот бартарӣ доранд.
Дар байни ин кишварҳо Швейтсария ва Туркия ҳастанд, ки ба онҳо асосан металлҳои қиматбаҳо, алюминий ва нахи пахта содир карда мешаванд.
Дар ин давра, аз 108 давлат — шарикони тиҷоратӣ, Тоҷикистон аз 65 кишвар мол ворид кардааст, ки содирот ба ин кишварҳо сифр аст.
**********
Саноатчиёни Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли пойафзол хабар медиҳанд, дар ҳоле ки мутахассисони соҳа қайд мекунанд, ки пойафзол дар кишвар истеҳсол мешавад, аммо мқисми асосии пойафзол ба Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар бо назардошти истеҳсоли пойафзоли резинӣ 643 ҳазор ҷуфт истеҳсол карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 ҳазор ҷуфт пойафзол зиёд аст.
Дар давраи ҳисоботӣ, коркарди пӯст ва чармҳои ҳайвонот 472 ҳазору 166 ададро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2019 39 ҳазору 68 дона зиёд аст.
Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Тоҷикистон солона 12 миллион ҷуфт пойафзол истеҳсол мешуд. Ҳоло, асосан маҳсулоти пойафзол аз Чин, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркия ба бозори Тоҷикистон ворид мешаванд.
Дар ба қайдгирии воридоти омори расмӣ боби алоҳида оид ба воридоти пойафзол вуҷуд надорад. Омори воридоти пойафзол дар якҷоягӣ бо сарпӯшҳо ва баъзе намудҳои дигари мол оварда шудааст.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми воридоти ин маҳсулот беш аз 6,5 миллион долларро ташкил додааст.
Коршиносон қайд мекунанд, ки дар сурати муносибати дуруст ба ин соҳа, он метавонад фоидаи зиёд ба даст оварад ва ҷойҳои корӣ барои ҳазорон нафарро эҷод кунад.
Масалан, дар кишвар зиёда аз 9,3 миллион нафар одамон зиндагӣ мекунанд ва ба ҳисоби миёна ба ҳар як сокини кишвар соле ҳадди аққал ду ҷуфт пойафзол лозим аст. Дар асоси ин, талаботи дохилӣ ба маҳсулоти пойафзол бояд дар Тоҷикистон ҳадди ақал дар як сол тақрибан 20 миллион ҷуфт пойафзол истеҳсол шавад.
*********
Дар Тоҷикистон дар бораи афзоиши саршумори чорвои калони шохдор ва истеҳсоли гӯшт гузориш медиҳанд, аммо нархи маҳсулоти гӯштӣ баланд боқӣ мондааст.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, то 1 октябр саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо каме бештар аз 2,3 миллион сарро ташкил дод, ки 20,4 ҳазор сар ё 0,9 дар сад нисбат ба як сол зиёд аст.
Инчунин дар бораи афзоиши истеҳсоли гӯшт дар ҷумҳурӣ хабар дода мешавад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва хайвоноти майда дар 9 моҳи соли равон бо афзоиши 3,3 дар сад аз 136,6 ҳазор тонна гузашт.
Ғайр аз ин, истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҷумҳурӣ аз аввали соли равон беш аз ду баробар афзудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон дар кишвар зиёда аз 19,6 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, арзиши бозории як кило гӯшти гов 53-55 сомонӣ аст. На ҳар оила бо назардошти музди миёна ва ҳадди ақал бо чунин нарх гушт харидорӣ карда метавонад. Музди миёнаи моҳона Дар Тоҷикистон 1 ҳазору 256 сомонӣ, 121 доллар мебошад. Музди ҳадди ақал 400 сомонӣ баробари 38 доллар аст ва ин маблағ танҳо барои хариди 7,4 кг гӯшти гов кифоят мекунад.