Чӣ гунае, ки медонем дар аввал ба ҷои пулҳои коғазӣ пулҳои маъданӣ истифода мешуданд.
Ҳар як тангае, ки ҳамчун пул истифода мешуд, дар худ қадр дошт. Барои мисол, тангаи давлати усмонӣ, лирои усмонӣ, ки дар Ироқу Саъудӣ, Туркияву мамлакатҳои дигар истифода мешуд, дар худ 7 грам тилло дошт. Тангаҳои Ингилис, ки ҷунайҳи Ингилис мегӯянд, аз тилло сохта шуда буданд. Дар Ҳиндустон тангҳои Рупӣ истифода мекарданд, ки ҳар яки он аз нуқра сохта шуда буд. Ҳар як танга дар худ арзишу қиммат дошт. Сипас он тангаҳоро, ҳамчун амонат ба бонкҳо супориданд ва бонкҳо барои васиқа муқобили ҳар як тангаи маъданӣ чекҳои боварӣ медоданд. Бо мурури замон ҳар як шахси дар даст чек дошта, ҳамчун пул аз он чекҳо истифода мекард. То ин ки низоми пулҳои коғазӣ дар тамоми давлатҳо қонунӣ шуд.
Албатта, дар аввалҳо ҳар як пулҳои коғазиро бар асоси тиллоҳои дар хазинаи давлат буда месохтанд. Давлат чанд миқдор дар хазинааш тилло дошта бошад, ба он нигоҳ карда, пулҳои коғазӣ месохт. Шахсоне, ки дар даст пулҳои коғазӣ доштанд, метавонистанд ҳар вақто, ки хостанд ба бонк рафта, пули дар дасташон бударо бо тилло иваз кунанд.
Аммо бо мурури замон ба сабаби ҷангҳои дохиливу хориҷӣ низоми сохти пулҳои коғазӣ дигар шуд. Давлатҳо барои рафъи баъзе эҳтиёҷҳои худ аз тиллои дар хазинаи худ дошта, зиёдтар пулҳои коғазиро истеҳсол карданд. То ин ки пулҳои коғазӣ аз тиллоҳои дар бонк буда, ба маротиб афзуд ва дигар мисли пештара қадри тиллоӣ надошт. Пештар ҳар як пули коғазӣ арзиши тиллоро дошт. Ҳар касе, ки дар даст даҳ доллор дошт, медонист, ки ин даҳ доллор арзиши даҳ гирами тиллоро дорад, аммо пас аз зиёд сохта шудани пулҳои коғазӣ, даҳ доллор ҳатто арзиши як гирами тиллоро надошт. Агарчӣ пулҳои коғазӣ арзиши тиллоро надошта бошанд ҳам, мардум он пулҳоро, ҳамчун асъори боқурб истифода мекарданд, зеро боварии мардум бар он буд, ки ҳар як пули коғазӣ, мисли пештара арзиши тиллоро дорад. Бонкҳои давлатӣ аз ин истифода карда, пулҳои коғазиро сохтан мегирифтанд, то ин ки арзиши пулҳои коғазӣ баробари тилло дар тамоми давлатҳои дунё ба маротиб поён рафт. Дар ҳоли ҳозир дар саросари ҷаҳон ҳеҷ давлате нест, ки пули коғазиаш баробари грами тилло бошад.
Ҳоло бошад ҳар як давлат ба иқтисоди худ нигоҳ карда, пулҳои коғазӣ чоп мекунад. Давлат чӣ қадар истеҳсоли молу коло дорад, чӣ қадар захираҳои маъданӣ дорад, чӣ қадар хадамоту қувваи корӣ дорад, ҳамаи инҳоро ба ҳисоб гирифта, пул месозад. Агар пулҳои давлат чоп мекарда баробари истеҳсолу иқтисодаш набошад, ба ҳолатҳои хатарнок гирифтор мешавад.
Агар давлат тавре пулҳоро чоп кунад, ки пулҳои давлатӣ аз иқтисоди давлат зиёдтар бошад, давлат аз амволи будаи худ зиёдтар пулҳои коғазӣ чоп кунад, нархи тамоми коло дар давлат меафзояд. Барои он ки пулҳои коғазӣ зиёд ҳастанд, аммо колои дар дохили давлат буда, нисбатан кам ҳастанд, ин сабаб мегардад, ки қадри пул поён равад. Барои мисол дар давлати Зимбобӣ, вақте миқдори зиёди пулҳои коғазӣ сохтанду ба мардум тақсим карданд, он қадар пули миллии Зимбобия беқадр гашт, ки дар соли 2009 мардум пулҳои миллии худро ҳатто истифода накарда, аз пулҳои хориҷӣ истифода мекард. Ҳеҷ кас бо пулли милли худ хариду фурӯш намекард. Имрӯз низ аксари давлатҳои фақир ба ҳамин мушкили дучор ҳастанд. Пулҳои коғазие, ки давлат месозад бо даромади давлат, бо иқтисоди молии давлат рост намеояд, дар давлат пули коғазӣ зиёд аст. аммо даромади давлат, молу колои давлат кам аст, ин сабаб мегардад, ки қадри пул хеле поён равад.
Дар аксари давлатҳои Африқо қадри пули миллиашон он қадар поён аст, ки тасаввур карда намешавад. Дар давлати Ғения, масалан як дуллори амрикоӣ баробари ҳашт ҳазор франки ғениявӣ мебошад.
Баъзеҳо бо шухӣ мегӯянд, модоме,ки пулҳои беарзиши коғазӣ сирри саватмандии мардум аст ва мардум ба ин пулҳо ниёз доранд, чаро давлат пулҳои зиёд чоп карда ба мардум тақсим намекунад, то мардумро аз фақр наҷот диҳад. Ҷавоби савол, албатта хеле содда аст. Агар давлат аз иқтисоди худ, аз даромади молии худ зиёдтар пул созад, қадри пул поён меравад, мардум ба пулҳои милли худ дигар эътимод намекунад, ба пулҳои давлатҳои дигар доду гирифт мекунанд. Чӣ гунае, ки имрӯз аксари мардуми мо аз сомони тоҷикӣ дида, ба рубли рӯсӣ бештар эътимод доранд.
Агар давлат аз даромади худ камтар пул созад, боз мардум дучори мушкилӣ мегарданд, маҷбур мешаванд колои худро дар давлатҳои дигар фурӯшанд. Давлат бояд он тавр пулҳои коғазӣ чоп кунад, ки бо даромади давлат мутаносиб бошад.
Давлатҳое, ки бо даромади худ нигоҳ карда пулҳои коғазӣ мебароранд дучори беқурбшавии пули миллӣ намегарданд. Аксари давлатҳои халиҷи Форс, Уммону, Қатар, Кувейту дигарҳо пулҳояшон дар қурби худаш меистад. Барои он ки истихроҷи нефту тилло дар он давлатҳо бо пулҳои чоп мешуда, мутаносиб аст.
Инҷо уламои иқтисод хатари пулҳои коғазиро зикр кардаанд. Чӣ гунае, ки медонем, пулҳои коғазӣ дар асл ҳеҷ арзише надорад, аз коғаз сохта шудааст, танҳо бо қонуни давлатӣ ба боварии мардум даромадааст. Давлат ҳар вақто ки хост зиёдтар чоп мекунад, қадри он поён мероавад ва ё баръакс. Агар Худо накарда дар давлат ҷанг хезад, пули он давлат беқадр мешавад. Касе намехоҳад он пулҳоро истифода кунад. Чӣ гунае, пас аз пош хурдани ҳукумати шуравӣ пулҳои шуравӣ сӯхт, қадраш баробари сифр гашт. Мардум бо пулҳои дар даст доштаи худ коре карда натавонистанд.
Мисоли дигар давлати Сурия. Дар соли 2011 пеш аз ҷанг як дуллори амрикоӣ баробари панҷоҳ лирои сурӣ буд, дар соли 2016 як дуллори армикои баробари шашсад лирои сурӣ гашт, имрӯз касе намехоҳад бо пули миллии сурӣ доду гирифт кунад.
Агар пулҳо маъданӣ бошанд ва ҳамчун замони пештара дар худ қадр дошта бошанд, нобуд гаштани давлат ва ё дучори мушкилиҳои иқтисодӣ гаштани давлат ба пули мардум таъсир намерасонад. Барои он ки пулҳои дар дасташон буда, муҷаррад коғаз нест, балки маъдани боарзиш аст. Барои ҳамин аксари уламои иқтисод бар он ҳастанд, ки низоми пулҳои коғазӣ ба пулҳои маъдании пешрата баргардад, то дар рӯзҳои мабодо, мардум дучори мушкилии пулӣ нагаданд.
Албатта ба низоми маъданӣ баргаштани пулҳо барои мардум ба маротиб судбахш мебошад, лекин иддае ба сабаби пулҳои коғазӣ соҳиби хазинаҳои тиллову нуқра гаштаанд ва ҳаргиз намегузоранд он хазинаҳо ба мардум бо шакли пули миллӣ, тангаҳои нуқраву тиллоӣ сохта шуда, тақсим гардад.
Муслима Аҳмадӣ