Рубрики Хабарҳо

Ҳукумат ба “Фароз” 3 га замин ҷудо кард

Ширкати “Фароз”, ки қаблан аз барҳамдиҳии ихтиёрӣ хабар дода буд, барояш ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Рудакӣ қитъаи замин додааст, то терминале  ба хатсайри автобусҳои роҳҳои шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав созад.

Мувофиқи қарори аз 1 ноябри соли 2019 қабулшудаи ҳукумати Тоҷикистон бо имзои Эмомалӣ Раҳмон майдони қитъаҳои замини ҷудошуда 3 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи қароре, ки нусхаи он дар сойти Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст, аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Эҳсон” дар ноҳияи Рӯдакӣ майдони умумии 3 гектар замини корами обӣ гирифта шуда, барои истифодаи бемуҳлат, бе ҳуқуқи бегонакунии ҳуқуқи истифодаи замин ба Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “Фароз” барои сохтмони терминал дода мешавад.

Ширкати “Фароз” барои ҷуброни талафҳои баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ бояд муодили 39  ҳазор доллар маблағ пардохт кунад.

Ин дар ҳолест, ки  нимаи моҳи сентябр ширкати “Фароз” дар бораи ихтиёран аз худбарҳамдиҳиаш хабар дода буд. Гуфта мешуд ба хотири тобовар набудани рақобат дар бозори фурӯши сӯзишворӣ, фурӯши амвол, рухсатии кормандон, иҷрои уҳдадориҳо ширкати “Фароз” барҳам мехурад.

Илова бар ин мувофиқи қарори ҳукумат аз 30-юми август, ба ширкати хусусии “Фароз” дар се нуқтаи вилояти Суғд барои сохтмони терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ наздик ба 5 гектар қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст.

Ширкати “Фароз” дар шаҳрҳои Панҷакенту Исфара ва ноҳияи Мастчоҳ бояд терминалҳои байналмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ бунёд кунад.

Ин ширкат ба Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳон, раисҷумҳури Тоҷикистон таллуқ дорад. Бино ба маълумотҳои расонаишуда, худи ширкати “Фароз” тасарруфӣ буда, аз марҳум муассиси гурӯҳи 24 Умаралӣ Қувватов бо зурӣ кашида гирифта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *