Рубрики Хабарҳо

Ҳимояти Кабирӣ аз мавқеъи Тоҷикистон дар муқобили Қирғизистон дар САҲА

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон дар нишасти САҲА ҳузур надоранд ва намояндагони Қирғизистон бо истифода аз фурсат баҳси марзии ду кишварро ба минбари САҲА ҳам кашиданд, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари мухолифини тоҷик аз мавқеъи Тоҷикистон дар ин баҳс ҳимоят кард.

Дар вокуниши билофосила ба ҳомии ҳуқуқи инсон аз Қирғизистон Айдар Содиқов, ки иддао кард, ки “низоъро нерӯҳои Тоҷикистон сар карданд” ва амали онҳоро таҷовузгарӣ номиду аз САҲА хост сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ кунад, Кабирӣ гуфт “набояд аскарону афсарони Тоҷикистонро айбдор кард, чунки онҳо қарзи худро ҷиҳати аз таҷовуз  ҳимоят кардани Ватан иҷро карданд”.

Навбати суханронии раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон баъди ин намояндаи қирғиз буд ва ӯ қабл аз он ки ба маърӯзаи худ шурӯъ кунад, ба Содиқов посух дод ва гуфт: Мо бо шумо комилан мувофиқем, ки дар Тоҷикистон қудрат дар дасти як диктотур аст, аммо набояд танҳо як тарафро айбдор кард, чунки ҳарду тараф талафот дод. Ва набояд аскарону афсарони Тоҷикистонро айбдор кард, чунки онҳо қарзи худро ҷиҳати аз таҷовуз  ҳимоят кардани Ватан иҷро карданд. Дурусттар мебуд, агар ҷомиаи байналмилалӣ дар бораи ончӣ, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон гузашту мегузарад, таҳқиқоти байналмилалӣ анҷом медод.

Намояндагони қирғиз бо истифода аз мавқеъи зиддирусиягии Ғарб, ки дар нишасти САҲА ҳам мушоҳида мешуд, иддаъои дигаре пеш оварданд. Гулгакӣ Мамасалиева, мудири дафтари созмони “Интербилим” дар Уш, ки суханрониаш пурра дар бораи муноқишаи моҳи сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон буд, иддао кард, “ҳар дафъае, ки Бишкек бе ризояти Маскав бо кишварҳои дигар санади стратегӣ имзо мекунад, ба марзаш тир андохта мешавад. Рӯзи 14-уми сентябр нерӯҳои Тоҷикистон ҳамла карданд. 134 ҳазор ғайринизомӣ маҷбур ҷойи зистро тарк намуданд. Даҳҳо ғайринизомӣ ва сарбозон куштаву бехонаву дар монданд.”

Раҳбари мухолифини тоҷик дар идомаи суханрониаш ҳозиринро аз судури 7 солу 6 моҳ ҳукми зиндони журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз сӯи додгоҳ дар Тоҷикистон, ки соате пеш расонаӣ шуда буд, хабардор кард ва гуфт, дар рӯзҳои анҷумани САҲА содир шудани ин ҳукм нишон медиҳад, ки ин як ҳукми намоишкорона аст.

“Мақомоти Душанбе бо судури ин ҳукм нишон доданд, ки ба онҳо он ҳама чизе, ки дар бораашон дар анҷумани Варшава мегӯянд, арзише надорад”, – таъкид кард Кабирӣ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *