Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон ҷудо кардани гранти иловагиро ба маблағи 2,5 млн доллар маъқул донист.
Тавре дар сомонаи Бонк хабар дода мешавад, ин маблағ аз Фонди вокуниш ба офатҳои табиии Осиёву Уқёнуси Ором барои дастгирии минбаъдаи тадбирҳои ҳукумат дар мубориза бо пандемияи коронавирус ҷудо мешавад.
Прадип Сривастава, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, “Бонки осиёии рушд комилан ҷонибдори он аст, ки ба Тоҷикистон дар то ба ҳадди ниҳоӣ паст овардани таъсири пандемия ба солимии одамон ва иқтисоди кишвар кумак кунад”.
Гуфта мешавад, гранти мазкур ба Тоҷикистон дар таъҷилан харидории маводу лавозимоти зарурии тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 мувофиқи нақшаи миллии вокуниш ёрӣ мерасонад.
Ба гуфти Сривастава “Аз ҳисоби ин грант харидории таҷҳизоти тиббӣ ва дигар чорабиниҳо баҳри кумак ба ҳукумат дар ҳалли таъҷилии мушкили вобаста ба мубориза бо пандемия низ маблағгузорӣ мешаванд”.
Грант илова ба кумакҳои зерини пешинаи Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон дар муқовимат бо COVID-19 мебошад: 50 млн доллар грант барои дастгирии буҷет; 928 ҳазору 200 доллар грант кумаки техникӣ ва 100 ҳазор доллар грант дар доираи лоиҳаи ҳифзи солимии модарону кӯдакон ва харидории маводи тиббӣ.