Рубрики Хабарҳо

ИНТИХОБ

Мардуми Тоҷикистон ояндаро барои 7 соли дигар интихоб кард. Қисме бо рафтан ба пойи сандуқи раъй ва ихтиёран овоз додан ба Эмомалӣ Раҳмон, қисме бо аз тарс овоз додан ба ӯ,  қисме бо раъй додан ба номзадҳои дигар ва сукут ба дуздида шудани овозашон ва қисми асосӣ бо таҳрими хомӯшонаву бепарвоёнаи интихобот. 

Пирӯзу хушҳол байни инҳо гурӯҳи аввал аст, ки “пешво”-яшонро дӯст медоранд ва аз дилу ҷон ба ӯ овоз доданду бархе ҳатто аз таҳти дил дар кампини пешазинтихоботи ширкат карданд.  Аммо мағлуб ҳеҷ кадоме аз ин гурӯҳҳо нест. Ҳарчанд онҳо зиди диктотур овоз доданд ё бо нарафтан ба овоздиҳӣ интихоботро хомӯшона таҳрим карданд, интихобашон ҳамин буд. Аввалиҳо медонистанд, ки овозашон дуздида хоҳад шуд, дувумиҳо медонистанд, ки аз рафтани онҳо чизе тағйир нахоҳад кард ва пирӯзи интихобот кайҳо маълум аст. Яъне ба ҳамин натиҷа розӣ буданд. Магар мешавад онҳоро мағлуб номид?

Пирӯз ё мағлуб касе дониста мешавад, ки мубориза кардааст. Аз гурӯҳҳои номбурда муборизаро танҳо пайравони “пешво” карданд ва пирӯз шуданд. Ҳарчанд саҳми асосиро дар ин пирӯзӣ дигарон гузоштад. Бо сукуту хомӯшӣ ва бепарвоӣ. 

Хуб, ҳоло интихобот анҷом ёфт, Эмомалӣ Раҳмон 91% овоз гирифт ва агар зинда монд, 7 соли дигар зимоми кишварро дар даст хоҳад дошт. Аммо дар ин 7 сол ӯ чӣ кор хоҳад кард Тоҷикистонро куҷо хоҳад бурд?

Барои пешбинӣ кардани ояндаи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмону ояндаи кишвар қофист ба ақаб нигоҳ кунем ва бубинем, ки ин бандаи Худо чӣ корҳое барои кишвар анҷом дод ва чӣ қадар дар иҷрои вазифаи ба дӯшаш гузошташуда самимиву кӯшо буд. Агар касе ба ин умед аст, ки дар оянда ӯ иваз хоҳад шуд чун аллакай сер шудааст ва ғайра, метавонад ҳаимнҷо нуқта гузорад ва давоми ин навиштаро нахонад. Зеро на одам иваз мешавад ва на сер. Бахусус дар мавқеъе, ки атрофаш пур аз васвасаву фитна аст. 

Ба Эмомалӣ Раҳмон чанд дастовардро нисбат медиҳанд, ки асоситаринаш инҳоянд:

1. Барқарории сулҳ дар Тоҷикистон;
2. Баргардонидани гурезаҳо;
3. Сохтмони нақбҳо ва роҳи шимол-ҷануб;
4. Сохтмони НОБ Роғун.

Вале огоҳон медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо камтарин саҳме дар ин “дастовардҳо” надорад, балки амалкардаш бар зарари ин ҳама анҷом ёфта натиҷа бадтар аз он шудааст, ки набудани ин “дастовардҳо” медошт.

1. Барқарории сулҳ дар Тоҷикистон. Дар асл Эмомалӣ Раҳмонов то охирин лаҳза ва шароит зидди сулҳ ва гуфтушунид бо мухолифин буд. Барои ин далоилу шавоҳиди зиёде вуҷуд доранд, ки оварданашон матлабро тӯлонӣ мекунад. Хонанда метавонад бо ҷусуҷӯ дар интернет бештари он шавоҳидро пайдо кунад. Ба зид будани Раҳмонов ба сулҳ ҳомиёни аслиаш — ҳукуматҳои онвақтаи Русияву Ӯзбекситон низ ишораҳо кардаанд.

2. Баргардонидани гурезаҳо. Ягона “хидмате”, ки Раҳмонов дар ин самт кардааст, танҳо розӣ шуданаш ба баргаштани муҳоҷирон аст. Тамоми хароҷоти бозгардонидани онҳову барқароркунии хонаҳои сӯхта ё ғасбшудаашон ба дӯши худи онҳо ё созмонҳои кӯмакрасони байналмиллалӣ будааст. Дар ҳамин ҳол, агар он замон 120 000 гуреза баргардонида шуданд, натиҷаи ҳукмронии 28 солаи ӯ ба фирори беш аз 2 миллион нафар аз кишвар гардидааст.   

3. Сохтмони нақбу роҳҳо. Инҷо ҳам Раҳмон камтарин саҳме надорад. Роҳҳову нақбҳо бо пули қарз ва қувваи хориҷӣ сохта шудааст. Пардохти ин қарзҳо, ки чанд баробар бештар аз маблағи сарфшуда дар иншоот аст, ба дӯши мардуми Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон аз ин сохтмонҳо манфиъати шахсӣ бардоштааст: беш аз 50 дарсади маблағҳои қарзии барои ин роҳо дуздида шудаанд ва баъди сохта шудан роҳҳо дар ихтиёри духтару домоди ӯ қарор гирифтаанд, ки слона беш аз 100 миллион доллар ба хонавода даромад меорад. Аз пулҳои ҷамъоваримешуда барои ин роҳҳо ЯГОН ТИН барои пардохти қарзи сохтмони он масраф намешавад ва ЯГОН ТИН андоз пардохт намешавад.

4. Сохтмони Роғун. Дар ин сохтмон ҳам ҷузӯ ғорати мардум саҳми дигаре Эмомалӣ Раҳмон надорад. Аввалин пулҳои ҷамъоваришуда барои сохтмони он аз мардум дарс соли 2011 ба маблағи 186 миллион доллар барои харидани ду ҳавопаймо ба ширкати хонаводагии “Сомон Эйр” масраф шудааст. Сохтмони бештари иншооти ин нерӯгоҳро ширкатҳои мутааллиқ ба хонаводаи раисҷумҳур ба дӯш доранд, ки на каматр аз ними пулҳои аз буҷаву қарз ҷудомешуда ба ин иншооти бузургро медузданд. Ба ин ҳам факту далелҳои зиёде, аз ҷумла дар Паём  расонаӣ шудаанд. Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Раҳмон тасмим дорад ба зудӣ ин бузургтарин нерӯгоҳи минтақаро дар ихтиёри холдинги “Авесто Гурӯҳ”, ки ба писараш Рустами Эмомалӣ таъаллуқ дорад, гузорад. 

Ба ҷуз ин, дар замони ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар ҳама радабандиҳо ҳамеша ба сати поён хазида, ҳоло дар қатори чанд кишвари африқоӣ қарор дорад. Дар ин муддат ЯГОН корхонаи саноатие, ки аз он дар сатҳи миллӣ ифтихор кардан имкон дошта бошад, сохта нашудааст. Корхонаҳои дигаре, ки сохта мешаванд, 90 дарсадашон тақдири ҳамон корхонаи дӯзандагии ноҳияи Рӯдакиро доранд, ки баъди лентаро буридану чор қадам онтарафтар мондани раисҷумҳур аз кор монд. 

Мардуми кишвар ҳамин одамро барои ҳафт соли дигар раисҷумҳури худ интихоб кард ва тақдирашро ба дасти ӯ дод. Агар то он замон Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон нопадид нашуд, шояд ҳафт сол баъд ҳам ба Раҳмон ё писараш овоз диҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *