Раиси Маркази тадқиқоти стротежии назди Президенти кишвар Худойбердӣ Холиқназаров мутмаин аст, ки Тоҷикистонро “ояндаи нек ва дурахшон” интизор аст.
Ӯ ин итминонро ба шунавандагонаш дар ҳамоиши илмию коршиносӣ таҳти унвони: «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030: афзалиятҳо ва механизмҳои амалигардонӣ», ки бо ибтикори Маркази зери раҳбарияш дар Душанбе доир гардид, додааст.
Тибқи гузориши оҷонсии “Ховар” Худобердӣ Холиқназар “зикр кард, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», дуюмин Стратегияи миллии рушд дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо назардошти омил ва равандҳои дохилию хориҷӣ ва дар партави татбиқи муҳимтарин рукнҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул шудааст. Худобердӣ Холиқназар таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 15 соли охир суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконияти васеи рушдро барои кишварамон фароҳам овард. Дар ин росто тамоми сармоягузорон, созмонҳо ва институтҳои бонуфузи молиявӣ, хусусан ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари мо эътимод доранд, зеро Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявию демократӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин раванд имкон медиҳад, ки тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ аз кишвари мо пуштибонӣ намоянд.”
«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» барнома ҳукуматиест, ки, ҳадафи он тибқи даъвои ҳукумати кишвар “муҳайё намудани зиндагии шоиста ва арзанда барои аҳолии кишвар аст”. Инчунин ҳукумат ба ин бовар аст, ки Тоҷикистон ба сатҳи давлатҳои даромадашон миёна шомил гардида, аз рӯи нишондоди рушди иқтисод дар миқёси кишварҳои ҷаҳон зинаи муносибро касб менамояд. Барои татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» 118 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст, ки ҳукумат ният дорад онро аз сармоядорони хориҷиву дохилӣ ва буҷа ҷалб намояд.
Дар доираи татбиқи ин санад рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар дар мадди аввал гузошта шудааст. Ин -гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, дар ин замина татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии энергетикӣ, назири CASA-1000 ва аз 17 то 45 миллиард кВт соат ё се баробар афзоиш додани иқтидори энергетикии кишвар дар як сол, инчунин раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, рушди неруи инсонии кишвар ислоҳот дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва аз кишвари аграрӣ ба давлати аграрӣ-саноатӣ мубаддал гардонидани Тоҷикистон аст.
Ҳамин гуна як барномаи стротежии 15 соларо ҳукумати кишвар дар соли 2000-ум қабул карда буд, ки тибқи он бояд то соли 2015 ҳади ақал ба 70 дарсади ҳадафҳое, ки дар барномаи наваш то соли 2030 гузоштааст, мерасид. Аммо тибқи ҳисоби коршиносон ба иҷрои танҳо 30-35 дарсади он барнома муваффақ шудааст.
Дар ҳамоиши «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030: афзалиятҳо ва механизмҳои амалигардонӣ» намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони соҳа доир ба паҳлӯҳои гуногун, афзалиятҳо ва механизмҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ибрози назар намудаанд.