Рубрики Хабарҳо

Аждаҳои тарсро бикушем

Инсон ягона офаридаест, ки Парвардигори ҷаҳон ӯро аз байни дигар ҷондорҳо бо ақлу дониш иззату икром бахшидааст. Зевари дигари инсон ахлоқи накӯи вай ба ҳисоб меравад. Аммо инсон на ҳамеша ахлоқи ҳамидаро сармашқи зиндагии хеш қарор медиҳад. Дар муқобили ҳар сифати нек  сифате баде низ қарор дорад.

Яке аз сифатҳои зишти инсон тарсуӣ ва буздилӣ мебошад. Тарсуӣ инсонро ба хориву зорӣ ва пастиву беқурбӣ мебарад. Ин сифати зишт ба рӯҳияи инсон ончунон таъсир мекунад, ки инсон ба ҳама зулму бедодгарӣ ва зери по шудани ҳуқуқи худ сар хам мекунад.

Ин сифатест, ки имрӯз ҳамаи ҷомеаи моро фаро гирифтааст. Ҳама аз якдигар дар ҳолати тарс қарор доранд. Кор ба ҷое расидааст, ки бародар ба бародар бовараш намеояд, чӣ монад, ки аз дӯсту рафиқон ва бегонагон сухан гӯем. Лекин манзур ин ҷо тарс аз якдигар нест, балки манзур тарс аз як нафар аст. Нафаре, ки тарси ӯ дар дили хурду калон, пиру ҷавон ва зану мард ҷой гирифтааст.

Ӯ мисли Фиръавн тарси худро дар дили ҳамагон ҷо додааст. Як нафаре, ки нӯҳ миллионро бо ду-се косалесу лагандбардораш ғуломи ҳалқабаргӯшу муҳрбадаҳон кардааст. Ин қадар ҳайбати худро дар дили мардуми худ ҷо кардааст, ки шояд баъзеҳо аз гирифтани номаш дар ҳарос афтанд, ё вақте дар хоби шабашон дарояд, ҳаросон аз ҷойгаҳи хобашон бедор шаванд. Ин шахс террористи рақами I-и Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонови хунхор аст, ки барои побарҷо мондани мулкаш аз чизе рӯ наметобад. Мардум фаромӯш кардаанд, ки ӯ низ хӯрок мехӯрад, хоб меравад, ба хоҷатхона меравад ва мисли баъзе мардон аз занаш метарсад. Шояд дар баъзе ҳолатҳо ӯ ҳатто аз сояи худаш тарсад ва ба сари он дашномҳои болохонадор фиристад.

Ин ҷо моро зарур аст, ки бо нигоҳи ибратомӯзе  ба қиссаи Бани Исроил назар андозем. Тарсончакӣ қавми Фиръавнро ба дараҷае оварда расонд, ки ба тамоми хориву зорӣ, кушта шудани фарзандон ва пасту залил шудани занҳояшон сар хам намуданд. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки Фиръавн худро Худо хонд ва қавмаш ба ӯ итоат карданд. Аз ин ҷост, ки сархамии эшонро дида, гуфт: “Он чиро, ки мебинам, ба шумо нишон медиҳам ва шуморо танҳо ба роҳи рост раҳнамоӣ мекунам”. Сураи Ғофир, ояти 29.

Дар ниҳояти кор азхудравии ӯ ба дараҷае расид, ки ҳатто ба фикру иродаи ҳамқавмонаш худро хӯҷаин ҳисобид. Далели ин гуфтаро дар ояти 124-уми сураи Аъроф мебинем. Вақте ҷодугарони Фиръавн бекор шудани ҷодуи худро диданд ва ба ростии паёмбарии Мӯсо алайҳиссалом яқин намуданд, дарҳол имон оварданд. Онҳое, ки саҳар куфр меварзиданд, аллакай дар нимаи рӯз ба Парвардигори ҷаҳониён имон оварданд. Аз ин рӯ Фиръавн ба онҳо гуфт: “Оё ба ӯ имон овардед, пеш аз он, ки ба шумо иҷозат диҳам?”.

Ӯ ба эҳсоси дохилии эшон чанг зад. Вале бори аввал ҷавоберо шунид, ки ба гӯшаи хотираш наомада буд. Аввалин бор далерӣ ба болои тарсончакӣ ғолиб омад. Аз бурида шудани дастонашон аз як тараф ва пойҳояшон аз тарафи дигар натарсиданду мусалмон мурданро аз ҳама чиз боло донистанд. Он ҷодугароне, ки барои туҳфае ба зидди Мӯсо алайҳиссалом баромада буданд, ба беҳтарин ҳадяи илоҳӣ-ҳидоят ноил гардиданд. Аввалин маротиба Фиръавн лафзи “не”-ро шунид. Ин “не” сабаби ҳалоки Фиръавн ва пошхӯрии мулк ва ҷоҳу ҷалолаш гардид.

Шояд хонандаи ҳушманд пурсад, ки барои чӣ Фиръавн ба ин дараҷаи худобехабарӣ расид? Ҷавоб чунин аст: Зина ба зина, ба монанди фиръавнманишҳои имрӯза. Онҳо Худовандеро, ки ба эшон мулк дод, фаромӯш карданд, ҳамқавмони худро хору залил намуданд ва дар ниҳояти кор даст ба дилу имони мардум дароз карданд.

Албатта, Парвардигори мо меҳрубон аст ва ба бандагонаш мӯҳлат медиҳад. Шояд он фиръавнмаобон рӯзе ба асли худ баргарданд ва ё ҳадди худро бишносанд. Ё худ рӯзе мардум тарсончакиро як сӯ гузошта, ба сухани ҳақ чанг зананд ва аз як гиребон сар бароварда, аз ангушти танҳо будан парҳез кунанду чун муште ба ҳам оянд. Ниҳоят ба пирӯзиву некномӣ бирасанд ва аз торҳои анкабутии пастиву беиззатӣ худро раҳонанд.

Паёмбар (с) аз таъсири бади ин сифати зишт ба рӯҳу равони инсон огоҳ буданд. Паёмбар (с) ҳар ҳар субҳу шом аз ин сифати зишт ба Худованд паноҳ металабиданд. Ҳамчунин ба ёрашон Абӯумома, ки дар масҷид нишаста буд, тавсия доданд, то аз сифатҳои бади зерин паноҳ талабад: “Парвардигоро, ман ба ту аз ғаму ғусса, аз нотавониву танбалӣ, аз тарсончакиву хасисӣ ва аз зиёдии қарз ва зӯрии мардон паноҳ металабам”. Ривояти Абудовуд.

Бубинед, Паёмбар (с) сифати тарсончакиро дар радифи ғаму ғусса, нотавонию танбалӣ, хасисию нотавонӣ қарор додаанд. Аз ин сабаб ба хонандагони азиз муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки аз сифати тарсончакӣ ба Худованд паноҳ талабанд:

“Аллоҳумма инни аъузу бика минал-ҳамми валҳазани ва аъузу бика минал-ъаҷзи валкасали ва аъузу бика минал-ҷубни вал бухли ва аъузу бика мин ғалабатид-дайни ва қаҳрир-риҷол”.  Омин.

Орифи Неъматулло

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *