Рубрики Хабарҳо

Масҷидҳо дубора баста шуданд

Баргузории намозҳои ҷумъа, панҷвақта ва таровеҳ аз 18-уми апрели имсол дар масҷидҳои Тоҷикистон муваққатан манъ шуд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сабаби тасмимро пешгирӣ аз сирояти коронавирус номид ва гуфт, «ин шароит то замони беҳбуд ёфтани вазъияти вобаста ба коронавирус дар ҷаҳон идома хоҳад кард».

Бино ба қарори Шӯрои уламо, ки 17-уми апрел таҳти рақами 2 содир шуд, «дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад».

Оғози моҳи Рамазон феълан маълум нашудааст, вале Шӯрои уламо гуфтааст вобаста ба рӯзадорӣ низ тавсияҳои худро дертар пахш мекунад.

Дар оғози моҳи март низ намозгузории дастҷамъӣ дар масҷиду ҷамоатхонаҳои Тоҷикистон, ба истиснои намози ҷаноза, манъ карда шуда, баъди ду ҳафтаи «дезинфексия» ва поккорӣ дубора иҷозат дода шуд.

Гуруҳе онро ба хотири пешгирӣ аз вирус кори дуруст хонданд, аммо бархе аз сокинон аз он норозигӣ карданд, ки чаро чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус танҳо ба намозгузории сокинон рабт мегирад, аммо ба баргузории маъракаҳои сериздиҳоми давлатӣ не.

Ҳоло мақомот мегӯянд, маъракаҳои бахшида ба рӯзи пойтахти Тоҷикистонро, ки 18-уми апрел таҷлил мешавад, низ манъ кардаанд ва чораҳои пешгирӣ аз сирояти КОВИД-19 ба ҳама дахл дорад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчун намуна аз Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Покистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон ном бурдааст, ки «намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд».

«Зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо ҳам пеш омадааст», — гуфт Шӯрои уламо. ​

Ин ниҳоди содиркунандаи фатво ҳамчунин гуфтааст, сокиноне, ки имсол нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра баста шудани “Масҷид-ул-Ҳарам” «пулҳоро аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд.»

«Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд», — таъкид шудааст дар қарори Шӯрои уламо.

Тоҷикистон бар иловаи он ки бо созмонҳои байналмилалии молӣ дар бораи дастрас кардани кумакҳо барои муқобила бо паёмадҳои коронавирус музокирот дорад, бо кушодани чанд ҳисоби бонкӣ аз соҳибкорону афроди алоҳида, бунёдҳои хайрия ва кишварҳои дӯст низ хостори ёриҳои башардӯстона шудааст.

Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ то ҳол ягон ҳолати сирояти сокинон ба коронавирус сабт нашудааст. Ҳарчанд марги чанд нафар дар Суғду Хатлон баҳсҳоеро дар ин замина ба миён овардааст.

Бо вуҷуди қатъи намозгузорӣ дар масҷидҳо то ҳол дар Тоҷикистон карантин эълон нашудааст ва муассисаву донишгоҳ ва мактабҳо пурра кор мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *