Узбекистон расман ба Шӯрои туркӣ пазируфта шуд. Ин шӯро дар моҳи октябри соли 2009 бо ширкати Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис ёфта буд.
Узбекистон моҳи гузашта барои узвият дар ин созмон ариза дод ва дар Нишасти сарони кишварҳои туркзабон дар Боку, дирӯз 15-уми октябри соли 2019 ба узвият пазируфта шуд.
Дар ҳамоиши гузаштаи сарони кишварҳои туркзабон дар Қирғизистон соли 2018 Маҷористон ҳамчун нозир ба ин эътилоф пазируфта шуда буд.
Ҳамоиши нав дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Туркия дар шимоли Сурия амалиёти ҳарбӣ анҷом медиҳад ва барои ин ҳадаф ба танқидҳои густардаи байнулмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст. Мавқеъгирии кишварҳои узв дар Шурои туркӣ эълон нашудааст.
Дар ин ҳамоиш Шӯрои туркӣ президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро, барои хидматҳояш ба ҷаҳони туркзабон бо ордени “Ҷаҳони турк”сарфароз кард ва ҳам пешниҳод шуд, ки ӯ раҳбари абадӣ ва ифтихории ин шуро баргузида шавад.
Назарбоев пешниҳод кард, номи “Шӯрои туркӣ” ба “Созмони давлатҳои туркзабон” иваз карда шавад.