Расонаҳои маҳаллӣ аз қатъи интиқоли барқ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар дода, мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Аммо, ҳукумати вилоят далели бебарқ мондани сокинонро дар шабу рӯзҳои сардтарини ин минтақа шарҳ дода онро ба ях бастани дарёҳои Ғунду Панҷ рабт додааст.
Ғолиб Ниятбеков, сардори маркази матбуоти раиси ВМКБ гуфтааст, сабаби бебарқ мондани бошандагони вилоят, ин аст ки ҳаво якбора сард шуд, бинобар тӯли ду рӯз дар ноҳияҳои вилоят барқ қатъ карда шуд ва дубора барқарор шуд.
Ба гуфтаи Ниятбеков, ин ду рӯз ҳаво дар вилоят — 22 дараҷа сард шуда, оби дарёи Ғунд ва дарёи Панҷ ях баста, ҳамзамон оби ин дарёҳо хеле кам шуд буд.
Дар ду се рӯзи ахир бошандагони ноҳияҳои ВМКБ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз он мегуфтанд, ки комилан барқ надоранд ва ҳаво хеле сард асту онҳо ба барқи фаврӣ ниёз доранд.
Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ ҳамчунин гуфт, ки ширкати «Памир Энержӣ» аз мақомоти вилоят хоҳиш кардааст, ки бо сокинони минтақа дар мавриди сарфакорона истифода намудани барқ дар фасли сармо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Ҳоло гуфта мешавад, ки бо гармтар шудани ҳаво тамоми сокинони ВМКБ бо барқ таъмин шуданд.
Индар ҳолест, ки зимистони имсола нисбат ба солҳои пешин дар ин минтақа хунуктар омадааст. Ҳоло сокинони ноҳияҳои вилоят мегӯянд, ки барқ дубора бидуни реҷаи муайян дода мешавад ва тамоми шабонарӯз барқ доранд.
Бино ба маълумоти расмӣ дар тамоми ВМКБ дар як сол 192 миллион кв соат нерӯи барқ итеҳсол мегардад. Бояд қайд намуд, ки Бадахшон ягона минтақае дар Тоҷикистон мебошад хомӯш гардидани барқ камтар ба назар мерасад.