Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри як баёнияи расмӣ, аз ҳаққи идомаи кор маҳрум кардани хабарнигор Анушервон Ориповро “сензура” номид.
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) бо нашри баёния аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳукумат бояд замонат бидиҳад, ки матбуот озодона кор кунад.
Иҷозаномаи кор ва ё аккредитатсияи Анӯшервон Орипов, хабарнигори “Настояшее Время”, бахше аз Радиои Озодӣ, рӯзи 1-уми август ба поён расид, вале Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон онро тамдид накард.
Вазорат аз як гузориши телевизионии Анӯшервон Орипов изҳори норозигӣ кард, ки дар он сафарҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳо як навъ тарғиботи пешазинтихоботӣ шумурда мешавад. Гузориши мазкур қабл аз эълони санаи интихобот нашр шуд, ки қарор аст, рӯзи 11-уми октябр сурат бигирад.
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз гуфтааст: “Маҳрум кардан аз аккредитатсия, як усули классикии сензура кардани расонаҳои хориҷӣ аст” ва мухолифи худи қонунҳои Тоҷикистон дар бораи аккредитатсия мебошад.
Ин созмони ҳомии озодии матбуот аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки “ба ҳаққи хабарнигорон доир ба иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон эҳтиром бигузоранд.”
Бори аввал нест, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аккредитатсия ва ё иҷозаи кори хабарнигорони расонаҳои хориҷиро тамдид намекунад. Айни замон 8 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мунтазири иҷозаи кор ҳастанд ва баъзеи дигар ҳам бар хилофи қонун на барои як сол, балки муддатҳои кӯтоҳтар аккредитатсия гирифтаанд.
Дар Шохиси озодии баён дар кишварҳои ҷаҳон, ки Гузоришгарони Бидуни Марз ҳар сол нашр мекунад, Тоҷикистон дар миёни 180 кишвар имсол дар мақоми 161-ум қарор дорад. Бо ин ҳол Тоҷикистон дар байни 20 кишвари аз ҳама матбуоташон ноозод қарор гирифтаааст.