Рубрики Хабарҳо

Дар Судони ҷанубӣ ҳини тамошои футбол 13 нафар ба ҳалокат расид

Силоҳбадастони номаълум дар Судони Ҷанубӣ сокинони осоиштаро мавриди ҳамла қарор доданд.

Тибқи иттилои шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазираи» бар асари ҳамла 13 нафар ба ҳалокат расидааст.

Ҳамлаи мазкур дар пойтахти кишвар шаҳри Абуҷо иттифоқ афтодааст. Бар асари ҳодиса 3 сокини осоишта низ захм бардоштааст.

Тавре хабар дода мешавад, ашхоси номаълум сокинонро ҳангоми тамошои бозии футбол тирборон кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *