Рубрики Хабарҳо

Намояндагони СБҶ ба Тоҷикистон меоянд

Гурӯҳи коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ният дорад, ки ҳафтаи оянда аз Тоҷикистон ва Туркманистон боздид кунад

Дар ин бора дар Копенгаген, Ханс Клуге, директори Дафтари Минтақавии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо  зимни як брифинг  иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад гурӯҳи коршиносон тайи чанд рӯз дар Тоҷикистон монда, аз якчанд шаҳрҳо, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти муҳими кишвар дидан хоҳанд кард. Ин гуруҳи мушовирон алакай тайи моҳи ҷорӣ аз Беларусия дидан карда буданд.

Ҳайати коршиносон пас аз боздид аз ин  кишварҳо  вазъи эпидемиологиро баррасӣ карда барои такмил додани чораҳои муҳофизат аз паҳншавии коронавирус машваратҳо хоҳанд дод.

Ҳамчунин пас аз поёни боздид барои мубодилаи арзёбии вазъи минтақа брифинги кушода баргузор хоҳанд кард.

Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ин ду кишварро дар қатори 11 давлати дигар ба рӯйхати давлатҳо шомил кардааст,  бо нуқташудааст.

 Тибқи иттилоияҳои расмии мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳудуди ин кишварҳо ягон ҳодисаи мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *