Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон зимни сӯҳбат дар як пахши мустақими изтирорӣ даъват кард бояд раисҷумҳури Тоҷикистон ва масъулини Вазорати тандурустӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Раҳбари ПМТ гуфт мутаассифона, чӣ мақомот эътироф мекунанд, чӣ на, вируси коруно дар кишвар паҳн шудааст ва дорад ба як фоҷеъа табдил мешавад. Ӯ масъули ин фоҷеъаро раҳбарияти кишвар донист ва талаб кард онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
“Мутаассифона орзуву умед ва хушбиниҳои ҳукумату мардум рост набаромад, баръакс огоҳиву ҳушдори мутахассисони байналмиллалӣ ва маҳаллӣ, қишри огоҳи ҷомеъа, ки даъват мекарданд ҷораҳои пешгиришавнада амалӣ шаванд, дуруст баромад ва имрӯз мебинем шумораи онҳое, ки аз бемориҳои гуногун мефавтанд баёнгари он аст, ки чӣ мехоҳем ва чӣ намехоҳем, ин беморӣ дар Тоҷикистони мо вуҷуд дорад” — изҳор дошт Муҳиддин Кабирӣ.
Бастани мактабу боғча ва эълони карантин дар онро раиси ПМТ баёнгари вазъи ногувор дар онҳо донист ва гуфт “дигар маҷбур ба бастани онҳо шунанд. Аз он ҷумла марги муаллимон, ки боиси нигаронии падару модарон шуд.”
Ӯ таъкид кард кишварҳое, ки билофосила иқдом карданд, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна ва чораҳои пешгирӣ ҷорӣ карданд, аллакай ба марҳалаи поёнравии сатҳи беморӣ ворид шудаанд, аммо раҳбарияти Тоҷикистон бо вуҷуди доштани имкониятҳои бисёр хуби пешгирӣ аз шуйӯъи беморӣ бо фарқ аз ҳама кишварҳои ҷаҳон роҳи Туркманистону Кореяи Шимолиро пеш гирифт ҷони даҳҳо ҳазорро ба хатар гузошт. “Тибқи иттилоъи расонаҳо ва хабарҳои ғайрирасмие, ки мерасанд, вазъ бамаротиб бадтар аз он аст, ки мо тасаввур мекунем” — гуфт раҳбари ПМТ.
Кабирӣ аз ҳамаи онҳое, ки аз аввал масъаларо ҷиддӣ гирифтанд ва ҳушдор доданд, ки бояд иқдомҳои ҷиддӣ гирифта шавад таҳсин кард ва гуфт бо вуҷуди он ки зарбаҳои аввалро ба худ қабул карданд ва аз тарафи як гурӯҳи бузург мавриди ҳамла қарор гирифта, ҳатто ба орзу кардан аз расидани коруно ба кишвар муттаҳам шуданд, дар огоҳ кардани мардум аз хатарҳои ношӣ хеле заҳмат кашиданд. “Аммо ин гурӯҳ зарбаҳоро ба худ қабул кард, ақибнишинӣ накард, чӣ расонаҳои мустақил аз қабили “Озодӣ”, “Ахбор”, “Азия Плюс” ва ғайра ва чӣ намояндаҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ мардумро огоҳ карданд. Агар ин огоҳ кардану бо фишор бар мақомот маҷбур кардани онҳо намебуд, мақомот ҳаргиз ин ҷораҳоро намеандешиданд” — таъкид кард раҳбари Паймони миллӣ.
Кабирӣ ҳамчуни аз ирсоли номаи ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар санаи 20 апрел аз тарафи ПМТ хабар дод ва гуфт, ки нусхаи ин нома ба намояндаи созмон дар Тоҷикистон Галина Перфенова низ фиристода шуд, чун интиқод аз амалкарди ӯ низ ҷой дошт.
Ӯ аз падару модароне, ҳам, ки ба омори дурӯғи мақомот бовар накарданд ва фарзандони худро аз рафтан ба мактаб боздоштанд таҳсин кард ва онро навъе аз эътирози маданӣ ва қадами аввал ба қиёми миллӣ унвон кард.
Раҳбари ПМТ гуфт “кош мардуми Хуҷанд ҳам ба рафтани фарзандонашон ба ҷашни Наврӯз иҷозат намедонанд. Агар онҳо ин корро мекарданд, имрӯз он ҷашн боиси паҳн шудани беморӣ дар кишвар намешуд ва Фарзонаву Озарахши беморро намедоштем”.
Муҳиддин Кабирӣ аз расидани хабарҳои бисёр нигаронкунанда аз зиндонҳои кишвар иттилоъ дод ва аз падару модарон ва наздикони зиндониён даъват кард дар масъалаи иттилоърасонӣ дар бораи вазъи зиндонҳо ҷасуртар бошанд. “Чун хабарҳое, ки ба мо мерасанд, ҳикоят аз он мекунанд, ки шумори зиёде аз зиндониён низ гирифтори ин беморӣ шудаанд… Мо аз расонаҳо хоҳиш мекунем, ки сӯҳбат бо наздикони зиндониҳо дар бораи вазъи онҳоро бештар кунанд, чун мо агар бонги хатар назанем ва мардум вориди кор нашавад, ҳамон тавре, ки ҳукумати Тоҷикистон мисли пештара рафтор хоҳад кард”.
Ӯ аз даъвати қаблии ПМТ мабнӣ бар озод кардани зиндониҳои мусинн хотирасон кард ва гуфт, ки “агар ин бемори ба нафарони синнашон аз шаст боло таҳдид мекунад, иммунитети як зиндонии 50 солаи тоҷик аз иммунитети 60-солаву 70-сола заъифтар аст, чун на хӯроки дуруст мехӯрад ва на офтобро мебинад”. Ва аз Ҳукумат даъват кард зиндониҳоро озод кунад.
Раҳбари ПМТ аз тасмими ин паймон дар бораи ирсоли як номаи дигар ба СММ ва созмонҳои дигар хабар дод ва гуфт он бо даъват бар фишор болои ҳукумат барои озодсозии зиндониҳо навишта хоҳад шуд.
Ӯ аз иқдоми Додситонии кулли Тоҷикистон оиди ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки дар пешгирии вирус саҳлангорӣ карданд истиқбол кард ва гуфт қабл аз ҳама бояд раҳбарияти кишвар, масъулини вазорати тандурустӣ ва вазоратҳои дигару раҳбарони минтақавӣ тафтиш карда шаванд то маълум гардад, онҳо чӣ саҳме дар паҳншавии беморӣ доштанд.
“Агар раисҷумҳур бо вуҷдуи огоҳи аз вуҷуди вирус дар кишвар он ҷашнро баргузор кард, бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. Аагар вазорати тандурустӣ ё мақомоти вилояти Суғд ӯро огоҳ накарданд, бояд онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд” — таъкид кард Кабирӣ.
Раҳбари мухолифини тоҷик кори табибонро, ки дар сафи пеши мубориза қарор доранд, ҷиҳод номид ва аз онҳо даъват кард дар иттилоърасонӣ ба мардум фаъол бошанд.