Рубрики Хабарҳо

Баҳсу ҷадали раҳбарони Озарбойҷону Арманистон дар ҳузури Путин

Раҳбарони ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон рӯзи панҷшанбе 25 май дар дидоре, ки дар ҳузури Владимир Путин, раисҷумҳури Русия анҷом шуд, аз якдигар интиқод карданд. 

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, ки ба Маскав сафар кардаанд бо якдигар бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ баҳс карданд. 

Пашинян дар нишасте дар Маскав, мавзӯъи коридори Лочин, ки Арманистонро ба минтақаи арманинишини Қарабоғи кӯҳистонӣ муттасил мекунад, матраҳ кард. 

Гурӯҳе аз мӯътаризони Озарбойҷони дар миёнаи моҳи декабр, роҳи пайвасткунанда ба Лочинро масдуд карданд ва пас аз эҷоди як посгоҳи бозрасӣ тавассути Боку ба иқдоми худ поён доданд. Нахуствазири Арманистон гуфт, ки ин ҷода бояд таҳти контроли неруҳои ҳофизи сулҳи Русия бошад. 

Пашинян дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисоди Евро-Азия дар Маскав гуфт: “мутаассифона Озарбойҷон ин коридорро масдуд кардааст.” 

Алиев дар посух гуфт: “Озарбойҷон ҳеҷ коридореро масдуд накардааст… Ниёзе ба истифода аз ин нишаст барои иттиҳомҳои беасос нест.» 

Раҳбарони ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон барои дақоиқе ба баҳсу ҷадал идома доданд то ин ки Путин ин баҳсро хотима дод. Раисҷумҳури Русия қарор буд пас аз ин нишаст, мизбони музокироти сеҷониба бо раисҷумҳури Озарбойҷон ва нахуствазири Арманистон бошад. 

Путин дар ин нишаст гуфт: “мо акнун ин фурсатро хоҳем дошт то ҳамон тавр, ки тавофуқ кардем дар мавриди ҳама масоил бо оромиш ва ба шакли сеҷониба гуфтугӯ кунем.” 

Раисҷумҳури Русия дар идома ибрози умедворӣ кард, ки бо дастёбӣ ба тавофуқ, ҳамкориҳо на танҳо байни Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон, балки дар минтақа дар масири пешрафт қарор гирад. 

Дар моҳҳои гузашта, Арманистону Озарбойҷон пас аз се даҳаи ихтилоф ва ду ҷанг бар сари Қарабоғ бар тамоюли худ барои имзои тавофуқномаи сулҳи доимӣ таъкид кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *