Рубрики Хабарҳо

Меҳвари омӯзиши рӯзгори Муҳаммад Паёмбар (с)

Ҳар кӣ дар омӯзиши таърихи паёмбарӣ танҳо дар чорчӯбаи ҷанбаҳои инсонии маҳз худашро маҳдуд мекунад ва ҳаводиси онро новобаста аз он ҳувияте, ки Паёмбар (с) худашонро ба мардум бар асоси он муаррифӣ намуданд, ба таҳлил мепардозад, ногузир ба вартаи муаммоҳои баста дар мемонад, ки аз он бо ягон таҳлиле роҳи баромад намеёбад.

Масалан, вақте мебинад, ки як даста шамшерҳои куҳна, ки соҳибони он муддатҳо байни ҳам даргирӣ доштанд, ба таври боварнокарданӣ қалъаи устувори тамаддуни Форс ва қудрати шикастнопазири Румро мағлуб месозанд, чӣ мегӯяд? Ин падидаро чӣ гуна таҳлил мекунад?

Ногузир бояд ангушти ҳайрат газад, вақте ба қонуне дучор мешавад, ки замоне падид омадааст, ки дар нимҷазираи Араб нишонае аз фарҳанг набуду кохе аз тамаддун ҳанӯз қомат наафрохта буд. Як қонуни ҳаматарафа комил, ки боиси ифтихори нимҷазираи Араб гашт, замоне падид омад, ки ҳанӯз нимҷазира дар масири талоши маърифату фарҳанг ва зиндагии иҷтимоии пурпечутоб дар марҳалаи ширхорагӣ қарор дошт. Чӣ тавр ин ҳолатро метавон таҳлил кард? Зеро назди олимони ҷомеашинос табиист, ки пайдоиши қонуни ҳаматарафа комил дар рӯзгори як миллат ин самараи булуғи фарҳангӣ ва мадании он миллат ва натиҷаи таркиби ҷамъиятии инкишофёфтаи он мебошад.

Ин гуна муаммоҳои сарбаста зиёданд, ки бидуни мадди назар доштани нубуввати Муҳаммад (с) даст ёфтан ба ҳаллу кушоиши он имконнопазир мегардад ва барои он дар доираи сабаб ва таҳлилҳои моддӣ роҳҳал ҷустан беҳудабозиро мемонад. Чӣ басо муҳақиқонеро аз ин қабил дидан мумкин аст, ки дар ёфтани роҳи халосӣ аз ин ҳайратзадагӣ саманди андеша ба росту чап мебаранд, бидуни он ки аз ин саъйу талошҳо баҳрае бинанд.

Дар асл роҳи баромад аз ин ҳайратзадагӣ хеле равшану возеҳ аст. Танҳо бояд, чунон ки борҳо таъкид намудем, дар кори омӯзиши таърихи паёмбарӣ мантиқӣ ва мавзӯӣ буд ва ҳамон ҳувиятеро, ки Муҳаммад (с) тавассути он худро шиносониданд, ҳамчун меҳвари омӯзиши рӯзгори эшон қарор дод.

Ниҳоят, вақте дар натиҷаи чунин омӯзиш ба яқин мерасем, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари аз ҷониби Худо фиристодашудаанд, ин яқинамон моро дар навбати худ аз он ҳайратзадагиҳо раҳо мекунад ва сирри он муаммоҳоро бароямон кушода месозад. Албатта, паёмбаре, ки дар нубуввати хеш содиқ аст, бояд аз ҷониби Худое, ки ӯро фиристодааст, дастгирӣ ёбад ва ногузир аст, ки Қуръон ваҳйи ин Худо ба сӯйи ӯ бошад.

Пас он қонуни ҳаматарафа комил қонуни Худо буда, ба ҳеҷ ваҷҳ аз таълифу нигоштаи миллате бесавод набудааст, ки мавриди тааҷҷубу ҳайрат қарор гирад. Ин Худо дар хитоб ба мӯъминон дар китобаш мегӯяд:

“: وَلا تَهِنُوا وَلا تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ” [سورة آل عمران 3/ 139]

“وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوارِثِينَ ” [سورة القصص 28/ 5]

“إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجابَ لَكُمْ أَنِّي مُمِدُّكُمْ بِأَلْفٍ مِنَ الْمَلائِكَةِ مُرْدِفِينَ. وَما جَعَلَهُ اللَّهُ إِلَّا بُشْرى وَلِتَطْمَئِنَّ بِهِ قُلُوبُكُمْ وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ” [سورة الأنفال 8/ 9- 10] .

Тарҷума:

“Ва суст машавед ва андӯҳнок мабошед; ва агар мӯъмин ҳастед, шумо ғолибед.” (Оли Имрон, 139)

“Ва Мо мехостем бар онон, ки дар замин забун гирифта шуданд, неъмати фаровон диҳем ва онҳоро пешво созем ва онҳоро ворис кунем”. (Қасас, 5)

“Он гоҳ, ки аз Парвардигори хеш фарёдрасӣ мехостед, пас, дуои шуморо қабул кард, ки «Ман бо ҳазор кас аз фариштагони аз паси якдигар оянда Мададкунандаи шумо ҳастам. Ва Худо ин мададро нахост, магар барои мужда ва то дилҳои шумо ба он ором гирад. Ва фатҳе нест, магар аз назди Худо. Ба дурустӣ ки Худо Ғолиби Боҳикмат аст.” (Анфол, 9-10)

Акнун чизи пӯшида равшан ва ҳалли муаммо пайдо шуд, тирагӣ бартараф шуду кор ба маҷрои табиӣ баргашт. Зеро Худои созандаи нирӯҳо ва тақдирҳо ба бандагонаш, ки ба Ӯ имон доранду аз роҳи Ӯ пайравӣ мекунанд, ёрӣ медиҳад ва барояшон аз болои касе мехоҳад, пирӯзӣ мебахшад.

Баръакс хеле ҳайратовару боиси тааҷҷуб мешуд, агар Худо ёрӣ ба Паёмбараш ва дастгирии бандагони мӯъминашро бар ӯҳда гираду вале мӯъҷизаи ёриву дастгирӣ дида нашавад.

Чаро барои зуҳури Ислом маҳз нимҷазираи Араб ихтиёр шуд?

Қабл аз он ки ба сухан дар бораи таърихи Паёмбар (с) ва нимҷазираи арабӣ, ки дар он ба воя расидаанду аз ҳамон ҷо Худо эшонро интихоб кардааст, пардозем, бояд ба нуқтае равшанӣ андозем, ки “Ҳикмат чӣ буд, ки Паёмбар (с) маҳз аз ҳамин гӯшаи олам зуҳур карданду таъсиси дини навин бо дастони маҳз арабҳо анҷом ёфт?”.

Барои посух додан ба ин савол моро зарур аст, ки пеш аз ҳама доир ба хусусият ва табиати арабҳо пеш аз Ислом маълумот дошта бошем, оид ба муҳити ҷуғрофие, ки онҳо дар он зиндагӣ мекарданд ва мавқеи он нисбат ба муҳити атрофи он тасаввурот пайдо кунем ва илова бар ин, дар бораи расму ойин ва хусусиятҳои фарҳангие, ки миллатҳои дигари он замона, мисли форсу рум ва ҳинду юнон доштанд, иттилои кофӣ ҳосил намоем.

Нахуст, ба баёни мухтасари вазъе, ки миллатҳои дар атрофи нимҷазираи Араб буда каме пештар аз зуҳури Ислом доштанд, мепардозем.

Он замон дар садорати олам ду давлат: давлати Форс ва Рум меистоданд, ки ҳар ду олами мутамаддинро байни ҳам тақсим карда буданд. Давлатҳои Юнону Ҳинд ба тартиб баъди ин ду меистоданд.

Давлати Форс майдони мубориза ва кашмакашҳои васвасаҳои диниву фалсафии гуногун буд. Дар он ойини зардуштӣ, ки соҳибони ҳукумат онро пазируфта буданд, ҳукмронӣ мекард. Яке аз фалсафаҳои ойини мазкур ин буд, ки ба никоҳи фарзанду модар, ё бародару хоҳар ва ё падару духтар бартарӣ медод. Ҳатто Яздигурди дуюм, яке аз шоҳони он, ки дар нимаҳои қарни панҷуми милодӣ ҳукмронӣ кардааст, бо духтари худ издивоҷ намуда буд. Ин ҳолат намунае аз вайрониҳои ахлоқии зиште мебошад, ки инҷо маҷоли зикри он нест.

Илова бар ойини зардуштӣ, дар кишвари Форс боз ойини дигар ба номи Маздакия роиҷ буд, ки бино ба гуфтаи Шаҳристонӣ “бар асоси фалсафаи дигар, ки он ҳалол шуморидани занон ва раво будани моли дигарон бунёд шуда буд. Ин ойин мардумро дар моли ҳамдигар, чи тавре ки дар истифодаи обу оташ ва алаф баробаранд, шарик мешуморид. Даъвати ин ойин аз тарафи ашхоси дорои табиати вайрон ва пайрави ҳавои нафс хуш қабул карда шуд ва ривоҷи бештар ёфт1.

Давлати Рум бошад, бар он рӯҳияи истеъморӣ ғолиб буд ва зери хилофоти динӣ бо насрониёни Шому Миср монда, бештар ба нирӯи низомӣ ва ормонҳои истеъмории худ дар талошҳои паёпай баҳри рушди насроният ва истифода аз он мутобиқи хоставу ғаразҳои бепоёни худ такя мекард.

Ин давлат дар айни замон дар лоқайдӣ аз давлати Форс камӣ надошт. Ҳама ҷо рӯзгори пурмаишату бокайфу сафо, пастахлоқӣ ва ҷавру зулми иқтисодӣ, ки натиҷаи зиёд будани хироҷ ва афзоиши андозҳо буд, ривоҷ дошт.

Кишвари Юнон бошад, дар хаёлу авҳоми хурофот ва устураҳои каломии худ, ки ба он мубтало гашта, аз он суде ё самаре намебардошт, ғӯтавар мехобид.

Аммо сарзамини Ҳинд он замон чунон ки Абулҳасани Надавӣ онро тасвир кардаанд, “ба иттифоқи муаллифони таърихи Ҳинд аз нигоҳи диниву ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аз ҳама даврони пасти он ҳамон аҳде буд, ки аз оғози асри шонздаҳуми милодӣ сар шудааст. Ҳинд дар пастравии ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аз ҳамсоягони худ қафо намемонд2”.

Бояд тазаккур дод, ки омили асосӣ ва ягонае, ки ин миллатҳои мухталифро ба чунин қаъри лоқайдӣ ва изтиробу бадбахтӣ андохт, бидуни шак, ҳамон тамаддуну фарҳанге буд, ки танҳо бар асоси моддӣ бунёд шуда, ҳеҷ намунаи волое надошт, ки ин тамаддун ва ин фарҳангро дар роҳашон раҳбарӣ намояд. Чунки тамаддун бо он ҳама асосу намодҳояш ҷуз васила ва сабабе нест. Аз ин рӯ, агар соҳибони он андешаи дуруст ва намунаи волое надоранд, он тамаддун дар дасташон ба василаи пастравӣ ва афтиш ба қаъри бадбахтӣ ва изтироб мубаддал мегардад. Вале агар аҳли он аз ақли солим меъёре, ки ёфтани он дар аксар ҳолат бидуни дин ва ваҳйи илоҳӣ имконнопазир аст, ба даст оварданд, он ҳама арзишоти маданиву фарҳангӣ ба василаи зебову осоне барои расидан ба саодати комил табдил меёбанд.

Нимҷазираи Араб бошад, он замон ором ва дур, дурусттараш ҷудо аз намодҳои ин изтиробот қарор дошт. Аҳли нимҷазира аз он маишат ва маданияте, ки форсҳо доштанд, бархурдор набуданд, ки дар эҷоди василаҳои беқайдӣ ва фалсафаи намодҳои фаҳшу пастии ахлоқӣ ва ниҳодани он дар қолаби дин ҳунарнамоӣ кунанд. Инчунин барояшон дағдағаи низомие, ки румиён доштанд, набуд, ки бо истифода аз он ба марзҳои атрофи худ ба ҳадафи ишғол дастдарозӣ намоянд. Аз лаззати фалсафа ва кашмакашҳои юнонӣ ба чизе баҳравар набуданд, ки бар асари он тӯъмаи устура ва хурофот шаванд.

Табиату ниҳодашон бештар ба маводи хом монандӣ дошт, ҳанӯз дар ҳеҷ як аз қолабҳои суратбахш андохта нашуда буд. Дар он фитрати дурусти инсонӣ ва рағбати беандозаро ба ахлоқи ҳамидаи одамӣ мисли вафову дастгирӣ, саховату олиҳимматӣ ва иффату покдоманӣ дидан мумкин буд. Танҳо ба онҳо дар ин ҷода маърифате намерасид, ки барояшон роҳро ба сӯйи ҳамаи он боз намояд. Зеро дар торикии ҷаҳолати кӯдакона ва ҳолати фитрии аввалия умр ба сар мебурданд. Ҳамин ҳолат боис мешуд, ки дар ағлаби ҳол, роҳро ба сӯйи арзишоти инсонӣ гум мекарданду фарзандони худро аз рӯйи номус ва иффат мекуштанд, молҳои заруриро аз рӯйи караму мурувват талаф мекарданду аз рӯйи ибову дастгирӣ байни ҳамдигар ҷангу кушторҳое бармеангехтанд.

Ин ҳамон ҳолате аст, Худованд ҳини васфи арабҳо бо ибораи “залол” (гумроҳӣ) аз он ёд кард:

“وَإِنْ كُنْتُمْ مِنْ قَبْلِهِ لَمِنَ الضَّالِّينَ” [سورة البقرة 2/ 198]

Тарҷума: “Ҳамоно пеш аз ин аз гумроҳон будед.” (Бақара, 198)

Он сифатест, ки дар сурати муқоиса кардани онҳо бо ҳолати қавму миллатҳои дигари он замона, бештар аз он ки баёнгари таънаву сарзаниш нисбат ба онҳо бошад, ба узри онҳо далолат мекунад. Чунки дигар миллатҳо ба залолату гумроҳии хеш тариқи фонуси тамаддун ва фарҳангу маданият роҳ меёфтанд, ба чоҳи фасод дидаву дониста ва тибқи нақшаву мулоҳиза ворид мешуданд.

1راجع الملل والنحل للشهرستاني: 2/ 86 و 87

ماذا2. خسر العالم بانحطاط المسلمين: 28

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *