Рубрики Хабарҳо

Ин режим аз аввал кӯдаккуш буд

Ҳаргоҳ тифли маъсум ва бемореро бинам, ки асири беморӣ ё беморасту асирӣ золимон аст, достони марги додари 3 солаам ба ёдам меояд.

25 сол қабл, яъне соли 1993, соле ки кишварро ҷанги хонамонсӯз фаро гирифта буд, соле, ки деҳаи ман Себистон зери тасарруфи силоҳбадастони Фронти халқӣ қарор дошту ҳар нафарро, ки писандашон набуд бо баҳонаи “вовчик” ва “оппозитсия” будан мекуштанд. Аз ҷумла 25 нафар аз наздикони бандаро, ки дар байнашон падар, ду бародар ва як хоҳари 5 солаам, амакам, чандин писарони амакҳоям буданд, қатл карданд.

Аммо аз ҳама хотираи баде, ки то ҳол аз ёдам намеравад, ин ба қатл расонидани додари сеюнимсолаам Суннатуллоҳ мебошад.

Суннатуллоҳ сеюним сол умр дошту аз ин ҳодисаҳо чизеро дарк намекард, аммо ӯро ҳам зинда нагузошта, ба шаҳодат расониданд.

Яке аз шабҳо, тақрибан ду ё се ҳафта баъд аз ба шаҳодат расонидани падар ва бародарам, яке аз силоҳбадатони Фронти халқӣ барои ғорат ба хонаи мо ҳуҷум мекунад. Модарам ва бародари 14 солаам баромада монеъи ӯ мешаванд, зеро дигар бародарони бузургам ҳама разманда ва дар шаҳр буданду имкони омадан ба деҳаро надоштанд. Ба он хотир, ки додарам Суннатуллоҳ хурд буд, модарам ӯро дар дасти худ гирифта, аз хона берун мешавад, то шояд кӯдакро дида, раҳме дар дили касиф ва палиди ӯ пайдо шавад. Аммо ӯ бо зӯр Суннатуллоҳи 3 соларо аз дасти модарам мегираду баланд бардошта… ба замин мезанад. Сипас мехоҳад тир шиллик кунад, аммо модар ва бародари хурдам туфангро аз дасташ бо зӯр гирифта, ба об мепартоянд. Баъди доду фиғон чанд ҳамсоя ҷамъ мешаванду ин палид аз ҳавлиямон хориҷ мешавад.

Баъд аз ин ҳодиса Суннатуллоҳи се сола ба бемории камхунӣ мубтало мешавад. Вақте модарам ӯро ба беморхонаи Себистон мебарад, табибон аз тарси силоҳбадастони Фронти халқӣ қабулаш намекунанд. Талош мекунад, то Суннатуллоҳро ба беморхонаи Данғара барад, аммо аслан имкон пайдо намешавад.

Яке аз наздиконамон дар шаҳри Норак зиндагӣ мекард ва модарам бародари кӯчакамро ба беморхонаи Норак мебарад.

Аммо баъди чанд лаҳзаи дар беморхонаи Норак хобонидани додарам, чанд силоҳбадаст аз Себистон омода, вориди беморхона мешаванду бо табибон сӯҳбат мекунанд. Модарам мегӯяд, баъди сӯҳбати онҳо табибон дигар Суннатуллрҳро дар беморхона ҷой надоданду ман бо чашмони гирён ба Себистон баргаштам.

Ранги рӯи додарам рӯз ба рӯз зард мешуду аз сахтии дард мегирист, то он рӯзе, ки дигар дар баданаш хун боқӣ намонд. Ҳамин буд, ки субҳи яке аз рузҳои баҳор Суннатуллоҳи се сола дар ҳоле, ки рӯи дастони модарам буд, бо чеҳраи пурдард дунёро тарк кард.

Он рӯз дардноктарин рӯзест, ки то ҳанӯз дардаш қаобамро фишор медиҳад. Тасаввур мекунам модарам чӣ дарде дошт. Писарат рӯи дастонат ҷон диҳад аз дастат чизе наояд, ё нагузоранд коре анҷом диҳӣ. Хело сахт аст, ки ҳар рӯз фарзандатро дар ҳоли ҷон додан биниву туро нагзоранд коре нисбати ӯ анҷом диҳӣ.

Мутаассифона, баьди оташ задани хонаи бародарам ва ғорат кардани амволаш дар он солҳо, хеч аксе аз Суннатуллоҳ дар даст надорем…
Ҷаннатуллоҳи Комил

P.S. Қиссаи модари Ҷанатуллоҳи Комил — Саймо Куловаро «Паём» қаблан нашр карда буд. Онро метавонед инҷо бихонед:

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *