11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ҳамсари нависанда Муҳиддин Хоҷазод даргузашт

Ҳамсари Муҳиддин Хоҷазод, Нависандаи халқии Тоҷикистон, ки чанде пеш ба бемористон интиқол ёфта буд аз бемории COVID-19 даргузашт. Вазъи саломатии худи нависанда низ ҳамоно вазнин боқӣ мемонад.

тибқи иттилои хабаргузории “Азия Плюс” нависандаи 80-сола Муҳиддин Хоҷазод ҳанӯз ҳам дар дастгоҳи нафаскашии сунъи ИВЛ пайваст аст ва ҳолаташ вазнин мебошад.

Як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад,  аз Вазорати тандурустӣ ба Радиои Паём гуфт, нависанда, Муҳиддин Хоҷазод аз нафарони ҳамчун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифташуда  мебошад.

Вале санаи 28 апрел ҳамсари нависанда Муҳайё Музаффарова аз олам даргузашт.

“Сини Муҳайё Музаффарова аз 70 боло буд. Ӯ дар баробари коронавирус аз бемории фишор азият мекашид. Духтари нависанда, ки модари беморашро парасторӣ мекард феълан дар карантин аст. Хонаи онҳоро маркази санитарӣ эпидимиологӣ зиддиуфунӣ кардаанд”.

Чанд рӯз пеш нависандаи шинохта бо гумони илтиҳоби шуш дар бемористони Хуҷанд бистарӣ шуда буд. Баъди ӯ писараш Алишер Хоҷаев низ бо ҳамин ташхис ба беморхона интиқол дода шуд.

Гуфтанист, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба «вируси корона» дар Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Бино ба эътирофи мақомот, дар Тоҷикистон, аз рӯи маълумоти асри дирӯз 15 ҳолати гирифторӣ ба «вируси корона» аз ҷумла 10 маврид дар шаҳри Хуҷанд ва 5 маврид дар шаҳри Душанбе сатб шудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *