Рубрики Хабарҳо

Сафири Русия дар Туркия мавриди ҳамлаи яроқнок қарор гирифт ва кушта шуд (Акс)

Сафири Русия дар Анқара Аедрей Карлов зимни дидораш аз намоишгоҳи аксӣ дар Анқара мавриди ҳамлаи яроқнок қарор гирифт.

Тибқи иттилои хабаргузории “Анадолу”-и Туркия, ҳамла ҳангоми баромади сафир дар кушодашавии намоишгоҳи “Русия аз диди сайёҳон: аз Калининград то Камчатка”, ки аз тарафи сафоратхонаи Русия ва маъмурияти ноҳияи Чанкайи шаҳри Анқара таъсис дода шуда буд, сурат гирифтааст.  

Ҳамлагар баъди ярадор кардани сафир ба ҳаво тир кушод ва бошандагони толор бо ваҳшат пароканда шуданд.

Сафири Русия дар ҳолати вазнин ба беморхонаи Гювени Анқара бурда шуда, сипас оныо фавтидааст.

Ҳамлагар низ аз тарафи пулис кушта шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, сафорати Туркия дар Маскав ва маркази фарҳангии туркӣ барои пешгирии фитна зери назорати шадид гирифта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *