Рубрики Хабарҳо

Бо вуҷуди таъкидҳои шаҳрдорӣ ҳанӯз дари клубҳои шабона дар Хуҷанд боз аст

Идораи беҳдоштӣ дар пайи дастури раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи манъи фаъолияти клубҳои шабона то замони ба эътидол омадани вазъи эпидемилогӣ қарор ба тасвиб расонд. Аммо мушоҳидаҳо собит намудаанд, ки қарори содиршуда дар ин самт ҳанӯз ба иҷро нарасидааст

Телевизиони маҳаллии “Танин” дар Хуҷанд дар бораи то ба ҳол ба иҷро нарасидани дастури Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ва қарори идораи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр гузориш пахш намудааст.

Як таҳқиқоти шабонаи хабарнигори ин телевизион собит намудааст, ки бо вуҷуди таъкидҳои шаҳрдорӣ ва қабули қарор ҳанӯз дари клубҳои шабона дар Хуҷанд боз аст.

Маъруф Муҳаммадзода, ахиран дар ҷаласаи нуҳ моҳаи соҳаҳаои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд, ки мавзӯъи меҳварии он пешгирӣ ва мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 буд, аз риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ дар бозор ва клубҳои шабона интиқод кард ва ба масъулин дар бораи манъи фаъолияти онҳо то замони ба эътидол омадани вазъи эпидемилогӣ нисбати сирояти бемории каронавирус дастури қатъи дод.

Рӯзи 22 уми октябр, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, қарори манъи фаъолияти клубҳои шабонаи “Хваканта”, “Опера”, “Амнизия”, “Парламент”, “Шоми Суғд”, “Очил”, “Ёсуман”, “Барбарос” содир кард ва барои иҷроиш, онро дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла Шуъбаи Вазорати Корҳои Дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҳам мақомоти прокуратура ирсол намуд.

Хабарнигори “Танин” шаби 26 уми октябр аз чанд чунин клубҳои шабона дидан кардааст, ки ҳамчунон дарҳояшон боз аст. Дар ин миён танҳо клубҳои “Ёсуман” ва “Очил” ба дунболи қабули қарори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дарҳои худро бастаанд.

Коршиносон мегӯянд сабаби асосии боз будани марказҳои дилхушии шабона фасодкории мансабдорони мақомоти интизомӣ аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *