Categories Pressa

Маҳмадюнус Аминзода, муҳоҷири фавтида ба хок супорида шуд


Зуҳри рӯзи якшанбе, 25 майи соли равон, ҷасади Маҳмадюнус Аминзода дар қабристони зодгоҳаш,-деҳаи Фароғати Ҷамоати деҳоти Тахти сангини ноҳияи Қубодиён ба хок супорида шуд.

Ӯ 33 сола ва соҳиби се кӯдак буд. Чанд соли охир дар муассисаи таълимии рақами 28-и ноҳияи Қубодиён омӯзгор буд.

Ҷасади марҳум субҳи рӯзи 25 май ба ноҳияи Қубодиён оварда шуд ва дар ҳамин рӯз, соати 10 ба хок супорида шуд.

Маҳмадюнус Аминзода ва панҷ шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар натиҷаи бархӯрди нақлиёти “Форд Транзид” бо нақлиёти боркаши DAF рӯзи 20 май ҷон бохтанд. Садамаи нақлиёти каме дуртар аз сарҳади Федератсияи Русия рух дода аст.

Дар садамаи маргбори нақлиётӣ, Маҳмадюнус Аминзодаи 33 сола, Назрулло Боқиеви 24 – сола, Файзиддин Солеҳзодаи 35 – сола, Аҳтам Каримови 36 – сола, Юнус Солеҳови 67 – сола ва Бахтигул Боқиеваи 40 -сола ҷони хешро аз даст доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *