Қазоқистон, аслитарин содиркунандаи орду гандум ба Тоҷикистон аз ҷорисозии маҳдудият дар содироти ин намуди маҳсулот хабар дод. Дар ҳамин ҳол, маълум нест дар содирот ба Тоҷикистон ин маҳдудиятҳо амал хоҳанд кард ё на.
“Масъалаи маҳдуд кардани содироти орду гандум баррасӣ мешавад. Русия содироти гандум ва донагиҳоро маҳдуд кард. Мо вазъро зери назорат дорем. Таносуби донагӣ дар Қазоқистон дар ҳоли ҳозир мусбат аст. Оянда ҳам он мусбат хоҳад буд. Барои истеъмоли дохилӣ кифоят мекунад. Барои содирот ҳам дар сатҳи миёнаи ҳарсола боқӣ мемонад” — гуфтааст вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев.
Ба гуфтаи ӯ содиркунандагон мунтазирад, ки қимати гандум боло меравад ва аз ин сабаб намехоҳанд онро дар бозори дохилӣ фурӯшанд.
“Дар ҷаҳон нарх боло хоҳад рафт. Нарх дар биржаҳо ҳар рӯз боло меравад. Баъзе номаҳмиҳо байни осиёбҳо ва истеҳсолкунандагони гандум вуҷуд дорад. Барои содирот баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешавад, то онҳо қисми муайяни гандумро дар бозори дохилӣ фурӯшанд. Бинобар таносуби мусбат норасоии гандум нахоҳад буд. Фақат истеҳсолкунандагони гандум болоравии нархҳоро мунтазиранд, аз ин рӯ намехоҳанд ба осиёбҳо гандум фурӯшанд. Набудани таъодул дар ҳоли ҳозир ба ҳамин масъала бастагӣ дорад. На ба ин ки гандум ё донагӣ кам аст. Ҳамааш хуб мешавад” — илова кардааст Карашукеев.
Бештари орду гандуми воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон оварда мешаванд. Ҳанӯз маълум нест ин маҳдудиятҳо ба Тоҷикистон дахл хоҳанд крад ё на, аммо коршиносон ба ин назаранд, ки новобаста аз маҳдудият, қимати орду гандум дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт.