Рубрики Хабарҳо

4 қирғизи баргашта аз Тоҷикистон коруно доштаанд

Дар 4 нафар донишҷӯён, ки аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Қирғизистон баргаштаанд, коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора бо истинод ба Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад.

Вазорати тандурустии Қирғизистон дирӯз, 6-уми май хабар дод, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 28 ҳолати сирояти коронавирус сабт шудааст.

Муовини вазири тандурустӣ Нурболот Усенбоев гуфтааст “Дар ҳолатҳои нави сирояти COVID-19 аз хориҷи кишвар овардашуда низ ҳаст, ки инҳо 5 кас мебошанд. Як нафари сироятёфта аз Дубай ва 4 кас аз Тоҷикистон мебошанд, ки дар донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд таҳсил мекунанд”.

Дар бораи кай ба Қирғизистон баргаштани онҳо (сарҳад бо Тоҷикистон аллакай беш аз як моҳ инҷониб баста аст) маълумот дода намешавад.

Сабаби шумори зиёди сироятёфтагонро дар пойтахт Вазорати тандурустӣ ба рӯзноманигорон чунин шарҳ додааст: “Дар Бишкек бисёр одамон баъди ба кишвар омадан зери назорат (карантин) қарор доранд”.

Дар шарҳи ин масъала рӯзноманигорони Қирғизистон ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки шояд онҳо барвақт ба кишвар омада, зери назорат буданд.

То имрӯз дар Қирғизистон 871 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 12 нафар аз ин беморӣ вафот карданд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *