Маркази матбуотии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияе хабарҳои ахири нашршуда дар хабаргузории давлатии «Ховар» ва хабари «латукӯб шудани Кабирӣ дар Теҳрон» таъйид кардани вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро шикасти ҳукумат дар ҷанги иттилоотӣ ва даст задан ба овоза ва амалҳои ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ номид:
Баёнияи Маркази матуботии ҲНИТ оиди хабарҳои беасоси ҳукумат
Бо шиддат гирифтани таблиғоти густурда зидди ҲНИТ ва паҳн намудани дурӯғу овозаҳои беасос дар бораи ҳизб ва раҳбарияти он аз тарафи расонаҳои расмӣ ва фейкии мақомоти кишвар, Маркази матбуотии ҲНИТ ба хотири равшан кардани воқеиятҳо мавқеъи расмии ҳизбро баён медорад:
РОҲБАРИ ҲНИТ соли охир ҳеч сафаре ба Ҷумҳурии исломии Эрон надошта ва овозаи латукӯб шудани ӯ дар ин кишвар як хабари дурӯғ ва фитнаангез мебошад. Паҳн шудани ин хабари дурӯғ аз тарафи яке аз сайтҳои фейкии наздик ба мақомоти қудратии кишвар ва баъдан “таъйид”-и расмии он аз тарафи Р. Раҳимзода, вазири умури дохилаи кишвар баёнгари он аст, ки таҳия кардани хабарҳои дурӯғ дар болотарин сатҳи кишвар муҳандисӣ шуда, тартиб ва шеваи паҳн намудани ин овозаҳои дурӯғ ва хабарҳои сохта дар шабакаҳо, расонаҳои расмӣ ва озод аз як марказ мудирият мешаванд;
ХАБАРГУЗОРИИ “Ховар” ахиран дурӯғи қаблан паҳн намудаи худ ва дигар сайтҳои фейкӣ дар бораи ворид шудани номи ҲНИТ дар яке аз зерсохторҳои СҲШ-ро бори дигар ба таври “расмӣ” бознашр кард. Пештар ҳам Маркази матбуотии ҲНИТ ошкор карда буд, ки истиноди “Ховар” ба яке аз расонаҳои маҳаллии Олмон дурӯғ ва туҳмати барқасдона аст, ки ба хотири фиреби хонандагон ва ҷомеа анҷом шудааст. Пас аз фош шудани дурӯғаш, ин хабаргузорӣ дар изҳороти “расмӣ”-аш дигар ишорае ба ин расонаи олмонӣ накардааст ва даъвояшро дар асоси суханронии яке аз масъулини Сохтори минтақавии зидди-террористии СҲШ дар кадом ҷаласае барпо кардааст. Барои исботи ин даъво, ки ин шахси масъул чунин ҳарферо зада бошад, ҳеч санаде наовардааст. Танҳо талоше кардааст, ки дурӯғи қаблии худро бо дурӯғи наве пушонад. Он ҳам ба умеди он, ки агар дурӯғи қаблиашон дар бораи расонаи олмонӣ ба осонӣ ошкор шуд, имкони санҷидан ва ошкор кардани дурӯғи дуввум осон нест. Чун, касе ба суратҷаласаҳои ин нишастҳо дастрасӣ надорад, то дақиқ шавад, оё чунин ҳарфе онҷо зада шудаст ё не. Ин нишон медиҳад, ки хабаргузории расмии ҳукумат на танҳо дар анҷоми рисолати худ аз меъёрҳои касбӣ дур аст, балки нисбати мардуми тоҷик (маблағгузори худ) беэҳтиромӣ содир кардааст. Барқасдона паҳн кардани дурӯғ, тӯҳмат ва фитна дар ҷомеъа на танҳо беэҳтиромӣ ба миллат аст, балки ҷиноят ҳам мебошад, ки мақомоти давлатӣ ба таври густурда ба он даст мезананд. Ҷои таассуф аст, ки дурӯғбофӣ ва дасиса то сатҳи вазирону расонаҳои расмии давлатӣ расидааст, ки баёнгари буҳрони амиқи касбӣ ва ахлоқӣ дар баданаи ҳокимият мебошад.
Ҳатто, агар чунин изҳороте аз тарафи кадом масъули СҲШ садо дода бошад ва ё номи ҲНИТ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба СҲШ пешниҳод шуда бошад ҳам, ин ҳанӯз маънои ризоияти кишварҳои узви ин созмонро надорад. Тибқи меъёрҳои СҲШ ҳар кишвари узв метавонад пешниҳод дар бораи ворид намудани ин ё он ҳизбу ҳаракат ба рӯйхати созмонҳои террористӣ анҷом диҳад. Аммо, қарорҳои дар ин хусус қабулшаванда дар СҲШ характери тавсиявӣ дошта, масъалаи эътироф кардан ё накардан дар ҳар кишвар ба таври алоҳида ва тибқи қонунҳову тартиботи дохилӣ сурат мегирад, на бо қарори дастаҷамъонаи ин созмон. То ҳол ягон кишвари узви СҲШ пешниҳодҳои пайдарпайи ҳукумати кишварро напазируфтааст. Даъвои хабаргузории »Ховар» дар бораи пазируфта шудани ҲНИТ ҳамчун созмони террористӣ дар СҲШ на танҳо тӯҳмат ба ин созмон аст, балки далели ноогоҳӣ аз меъёрҳои ин созмон ва ё барқасдона ба гумроҳӣ андохтан ва додани иттилооти дурӯғ ба ҷомеъа мебошад.
Новобаста аз талошҳои зиёди мақомоти кишвар дар ҳама нишастҳои байналмилалӣ, мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳеч кишваре ё созмоне пас аз ду соли ин туҳматҳо ҲНИТ-ро хамчун созмони террористӣ нашинохтааст. Маълумотҳои ба дастомада нишон медиҳанд, ки мақомоти кишвар ахиран, барои лоббисозӣ дар масъалаи эътирофи ҲНИТ ҳамчун як созмони террористӣ, аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва ғайрирасмӣ барои моил намудани баъзе масъулини кишварҳои минтақа истифода мекунад. Аз ҷумла, ба баъзе кишварҳои минтақа ишора шудааст, ки дар ивази эътироф имкони додани баъзе сабукиҳо дар равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто марзӣ вуҷуд дорад. Илова бар ин, фишорҳои паёпай болои намояндагони ин кишварҳо дар СҲШ оварда мешавад, ки агар ҳукумати Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегӣ мешиносанд, бояд бечуну чаро ин масъаларо қабул кунанд. Талошҳо бо роҳи додани ришва ва имтиёзҳои хусусӣ ба баъзе масъулини созмонҳои байналмилалӣ низ аз тарафи намояндагони ҳукумат мушоҳида шудааст. Ингуна амалҳо на танҳо хилофи ахлоқ ва урфи сиёсиву дипломатӣ аст, балки обрӯ ва ҳайсияти кишвару миллати моро дар саҳнаи ҷаҳонӣ коҳонда, ба манфиатҳои миллӣ ва давлатии мо зарбаи ислоҳнашавандаро ворид менамояд.
Кишварҳои узви СҲШ дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон манфиатдор ҳастанд, ки дар минтақаи мо амну субот ва пешрафти бомайлони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин бошад. ҲНИТ умедвор аст, ки бо шинохти кофӣ аз сиёсатҳо ва амалҳои ҳизб, кишварҳои узви ин созмон минбаъд ҳам муносибати худро дар ин масъала дар асоси воқеъиятҳо ва манфиатҳои миллатҳои минтақа амалӣ хоҳанд кард;
ЧУНИН ба назар мерасад, ки мақомоти кишвар дар барномаи худ оиди бо факту далел террористӣ муаррифӣ намудани ҲНИТ дар хориҷ ва дохил комилан шикаст хурдаанд ва ҳоло рӯй ба дурӯғ, овоза ва амалҳои ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ овардаанд. Маълум аст, ки барои ҳукумати имрӯза масъалаи аввал таъмини ниёзҳои ҳаддиақалии мардум набуда, балки сиёҳ кардани миллати хеш дар хориҷ ва дохил мебошад. Бояд гуфт, ки дар сиёҳ кардани ҲНИТ муваффақ набошад ҳам, ҳукумат дар сиёҳ кардани миллати тоҷик дар хориҷ ба натиҷаҳое расидааст. Пас аз фиристодани руйхатҳои чандҳазорнафарӣ ба ҳама кишварҳои минтақа, рафтуомад ва будубоши тоҷикон дар ин кишварҳо ба маротиб сахттар гашта, чеҳраи тоҷик ҳарчи бештар ҳамчун ифротӣ ва ё террорист шинохта мешавад;
НОКОМИИ ҳукумат дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ онро водор кардааст, ки ҳарчи бештар вазъиятро амниятӣ бигардонад, то мардум мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоиро дуюмдараҷа биҳисобанд. Аз тарафи дигар, машғул шудани ҳукумат ба масоили ҳуқуқии мардум, мисли либос ва ғайра, як навъ кашонидани зеҳни мардум аз мавзӯъҳои асосии ҷомеа ба масоили на чандон муҳим мебошад. Масъулият ва вазифаҳои асосии ҳар як ҳукумат таъмини маошу нафақаи муносиб, ҷои кор, мактабу табобати ройгон ва барқу газ мебошад, на ташхиси намуди либос ва ё дигар умури хусусии мардум. Аз нав ба масъалаи тарзи пӯшиши мардум даст задани хукумат баёнгари он аст, ки то ҳол вазифа ва масъулияти худро назди миллат тибқи Конститутсия нашинохтаанд ва агар шинохта бошанд ҳам, барқасдона фикри мардумро ба масъалаҳои дуюмдараҷа машғул медоранд. Аз тарафи дигар, эҳсос мешавад, ки ҳукумат ҳамеша бо бардоштани ин масоил дар ҷомеъа ва фишор болои мардум дар масоили хусусӣ ва динӣ, талош мекунад, ки тамоюли ифротгароиро байни доираҳои мазҳабӣ бештар намояд. Ба таври сунъӣ ва барқасдона равона кардани мардум, ба хусус, ҷавонони тоҷик ба самти ифротгароӣ яке аз сиёсатҳоест, ки чандин соли охир мақомот пеш гирифтаанд ва бояд гуфт, ки муваффақ ҳам будаанд. Агар то соли 2015 Тоҷикистон камтарин ададро дар ҳайати гурӯҳҳои ифротии мусаллаҳ дошт, имрӯз дар натиҷаи ин сиёсатҳо рақами болотаринро дорад. Ба таври сунъӣ ва огоҳона ифротгаро сохтан ё муаррифӣ кардани миллати хеш на танҳо ҷиноят аст, балки рӯзе домани худи тарроҳони онро хоҳад гирифт.
ҲНИТ бо рад кардани иттиҳомот ва дурӯғҳои ахир нисбати худ, бори дигар мақомоти кишварро даъват мекунад, ки аз сиёсатхои ғалат ва ғайриқонунии худ даст бикашад ва миллати бе ин ҳам азияткашидаро ба мушкилоти бештар ворид насозад.
Манбаъ: саҳифаи фейсбукии ҲНИТ