Рубрики Хабарҳо

Як хеши Ҳоҷӣ Ҳалимро дар хонааш куштанд

Соҳибкор Воҳидов Раҳматулло, маъруф бо лақаби Микол, аз хешовандони падарии Абдуҳалим Назаров ноибвазири собиқи дифоъ аз тарафи афроди номаълум шаби гузашта дар хонааш кушта шуд. Ҷанозаи ӯ имрӯз дар зодгоҳаш, ноҳияи Ваҳдат баргузор гардид.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Раҳматуллоо Воҳидови 49 сола қаблан ба воридоти маводи сӯхт машғул буда, чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ҳам соҳиб будааст. Ҳоло бештар ба кишоварзӣ машғул буда, хоҷагии деҳқонӣ дар ихтиёр дошт.

Сабаб, омилон ва чигунагии қатли Воҳидов ҳанӯз маълум нест. Ӯро дар хонааш воқеъ дар шаҳри Душанбе афроди номаълум ба қатл расонидаанд.

Манбаъи Паём мегӯяд, баъди қатли ҷенерол Назаров аз тарафи мақомот бо иттиҳоми кудато, Раҳматулло Воҳидов аз тарафи мақомоти амниятиву қудратӣ ва тафтишотӣ борҳо мавриди таъқибу бозҷӯӣ қарор гирифта, қисмати зиёди дороияшро барои наҷоти ҷонаш аз онҳо масраф кардааст. 

Ҳамунин манбаъ гуфт Воҳидов соли 2015 чанд моҳ дар боздошт қарор дошт ва бо пардохти ришваи бузурге ҷонашро раҳонида буд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *