Рубрики Хабарҳо

Вазири дифоъи Толибон аз мулоқот бо муовини вазири хориҷаи Покистон худдорӣ кард

Мулло Муҳаммад Яъқуб, вазири дифоъи Толибон дархости Покистон барои дидор бо Ҳино Раббонӣ, муовини вазири хориҷаи ин кишварро рад кардааст. Дар ин бора Афғонистон Интернешнл бо истинод ба манобеъаш хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манобеъи расона, сафорати Покистон аз мулло Яъқуб хоста буд дар бораи масоили амниятӣ ва равобити дуҷониба бо хонум Раббони гуфтугӯ кунад. 

Як манбаъи наздик ба Толибон ба Афғонистон Интернешнл гуфтааст, ки мулло Яъқуб нисбат ба сиёсатҳои Покистон дар қиболи Афғонистон нигарон аст ва ба ин тартиб хостааст нигаронии худро ба мақомҳои Покистон иброз кунад. 

Ихтилофи аслии мулло Яъқуб бо Покистон мушаххас нест, аммо аз замони рӯйи кор омадани Толибон чанд бор даргирии марзӣ миёни нерӯҳои покистонӣ ва афроди Толибон рух додааст. 

Як манбаъи дигар ҳам пештар гуфта буд, ки мулло Яъқуб аз рафтори Покистон дар қиболи падараш мулло Муҳаммад Умар, бунёдгузори гурӯҳи Толибон розӣ нест. 

Пештар низ вазири дифоъи Толибон гуфта буд, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ аз фазои Покистон вориди ҳарими ҳавои Афғонистон мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *