Рубрики Хабарҳо

Хуҷанд: Нахустсупориши раиси вилоят устухонро дар гӯшт бештар кард

Дар шаҳри Хуҷанд гӯшти нисбатан арзонро аз дӯкони “Тоҷикматлубот”, ки дар қатори дӯконҳои гӯштфурӯшии бозори Панҷшанбе дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз кардааст, метавон харидорӣ кард, на дар дуконҳои гӯштфурӯшӣ ва қассобон. Бар ин асос метавон гуфт, ки амалан нахустсупориши Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи раиси вилоят Суғд дар ҷомеа иҷро нашуд.

15-уми январи соли равон расонаҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ хабар дода буданд, ки иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзода бо анҷоми як сафари корӣ ба бозорҳои марказии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Панҷшанбе, Афросиёб ва Бадри Мунир ба масъулини бозорҳо ва гӯштфурӯшон супориш додааст, ки нархи гӯштро аз ду то се сомонӣ арзонтар кунанд. Аммо бо гузашти се рӯз ин супориши ӯ иҷро нашуд.

Пеш аз ин Музаффар Юнусов, масъули Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд эълом кард, ки иҷрокунандаи раиси вилоят зимни сафари кориаш ба бозорҳои шаҳри Хӯҷанд “ба роҳбарияти бозори Панҷшанбе, Афросиёб ва Бадри Мунир дастур доданд, ки аз ҳисоби поён бурдани нархи иҷора нархи гӯшт, каме ҳам бошад, арзон карда шавад. Зеро роҳбарияти бозорҳо ба воситаи дастгирӣ ва ҳавасмандии соҳибкорон метавонанд барои мӯътадил нигоҳ доштан арзиши маҳсулот таъсиргузор бошанд.”

Мизоҷон мегӯянд, чанд тан аз гӯштфурӯшони бозори Панҷшабе, воқеъан нархи гӯшти говро аз 35 ба 33 ё 32 сомонӣ ва ё гӯшти гӯсфандро аз 38 ба 35 пойин оварданд, вале амалан ба зарари мардум аст. Зеро агар дар гузашта аз як килограмм гӯшт 200-250 грамми онҳоро устухон мемонданд, ҳоло бошад наздик ба 250-300 дарсади гӯшти фурӯхтаи онҳоро устухон ташкил медиҳад. Гӯшти лаҳм бошад, ҳамоно дар Хӯҷанд 1 килояш бо нархи 50 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Вақте масъулини вилоят ва ҳукумати шаҳри Хуҷанд диданд, ки амалан супориши раиси вилоят ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзода дар мавриди арзон кардани нархи гӯшт иҷро намешавад, ба хотири беқадр нашудани ин супориш ба идораи “Тоҷикматлубот” дар шаҳри Хуҷанд фармон доданд, ки дари дукони худашро ба рӯи мизоҷон боз кунад ва 1 кг гӯштро бо қимати 32 сомонӣ ба фурӯш гузорад.

“Тоҷикматлубот” ҳам дари дӯконеро дар бозори Панҷшанбе боз кард, аммо як дӯкон ва он ҳам аксаран гӯштҳои воридотӣ ва сифатан камарзиши он талаботи мизоҷонро қонеъ мекунад ё на, паҳлӯи дигари ин масъала мебошад.

Сокинон ва мизоҷон дар шаҳри Хуҷанд ба ин ақида ҳастанд, ки ҳадаф аз ин супориш, бар ивази ду сомонӣ ҷалб кардани диққати мардум ва рекламаи арзон барои имиҷсозии худаш буд, на чизе каму зиёд.

Ҳамзамон раисони бозорҳои марказии шаҳри Хуҷанд, ки маъмулан афроди бонуфуз ва сарватманде ҳастанд, дониста супориши раиси тоза таъиншудаи вилоятро сари вақт иҷро накарданд. Зеро хуб медонанд, ки ҳамоно ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷойгоҳе нест, ки аз рӯзи аввал ба кисатаконии онҳо шурӯъ кунад.

Аз ҷониби дигар, масъулини идораҳои гумрук, андоз, Хадамоти санитарӣ ва полису прокуратураи шаҳр он қадар кисаҳои масъулини бозорҳо ва тоҷирони онҳоро бо таҳдиду фишор ба ноҳақ таконда, “ҷойпулиашон”-ро гирифтаанд, ки соҳибкорон ҳисобу ҳасабашонро гум карданд. Ба ин хотир, онҳо намехоҳанд аз рӯзи аввал назди волӣ сар хам кунанд.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз гӯштфурӯшони бозори Панҷшанбе ба мизоҷон гуфтаанд, ки вақте масъулини бозорҳои шаҳри Хуҷанд арзиши иҷораи дуконҳои гӯштфурӯширо кам накарданд, онҳо ҳамчун иҷоранишин бар асоси талаботи бозор нархи маҳсулоти гӯштии худашонро арзонтар карда наметавонанд. Дар натиҷа супориши раиси вилоят ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзода низ дар ҳаво муъаллақ мемонад.

Хулоса, Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд, ки санаи 13-уми январ ба ин курсӣ таъин шуд, тавонист дар рӯзи аввали кориаш худашро бепул дар расонаҳо реклама кунад ва барои худаш имиҷсозӣ намояд, аммо аз тарафи дигар нишон дод, ки на гапаш ба масъулини раддаҳои поёнӣ мегузараду на метавонад зӯран ба нархҳои бозор таъсир расонад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *