Рубрики Хабарҳо

Қотили ду фаррош ҳабси абад гирифт

Саҳобиддин Мунавварзода, нафаре, ки бо гумони куштори ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич дастгир шуда буд, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Дар ин бора «Азия Плюс» бо истинод ба Қосим Зокиров, падари яке аз занҳои кушташуда ва як манбаи дигар аз додгоҳи вилояти Суғд иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои дастрасгардида, ҳукм ду рӯз қабл, 30-юми январ, аз ҷониби Суди вилояти Суғд содир гардидааст.

Бояд гуфт, ки Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56-сола, ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич, 17-уми июли соли 2022, дар рӯзи истироҳатӣ, дар макони кори худ, бо зарби корд кушта шуданд. Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳия ҳамчун гумонбари асосӣ дар куштор боздошт гардида буд.

Қосим Зокиров, падари Умеда Зокирова гуфтааст мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истаравшан, аз ҷониби судяҳои Суди вилояти Суғд баррасӣ шуд ва дар ниҳоят, Саҳобиддин Мунавварзода  бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Қосим Зокиров пас аз элони ҳукм гуфт, ки аз ҳукм розӣ аст.

Назари пайвандон ва вакили дифои Саҳобиддин Мунавварзода оид ба ҳукм то ҳол дастрас нест ва ҳамчунин, дақиқ нест, ки оё аз болои ҳукм шикоят мекунанд ё не.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *