Рубрики Хабарҳо

Коршинос: беқурбшавии пули миллӣ ба коҳиши содирот ва интиқоли пули муҳоҷирон бастагӣ дорад

Додугирифти хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2023 афтиши қобили таваҷҷӯҳе дошт ва бо нишондиҳандаи 505 млн доллар ба рукуди 12,5-дарсадӣ бо қиёс бо ҳамин моҳи соли 2022 мувоҷеҳ шуд. Тибқи додаҳои Агентии омори ҷумҳурӣ дар аввалин моҳи соли ҷорӣ ҳам содирот ва ҳам воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Содирот дар моҳи январ бо коҳиши 10,8-дарсадӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳамагӣ 120 млн долларро ташкил додааст. Ҳаҷми коҳиши воридот нисбати моҳи январи соли 2022 боз ҳам бештар буда, бо рукуди 13,1-дарсадӣ ба 385,1 млн баробар шудааст. Касри тавозуни савдо дубора ба 3,2 баробар расидааст.

Зоҳиран коҳиши содирот ба поинравии қурби пули миллӣ, ки дар моҳи феврал мушоҳида мешавад, боис шудааст. Дар се ҳафтаи моҳи ҷорӣ пули миллии Тоҷикистон беш аз 3,5 дарсади қурби худро аз даст дод. Тибқи додаҳои Бонки миллӣ имрӯз, 21 феврал доллари ИМА ба 10,6838 сомонӣ евро ба 11,4146 сомонӣ баробар шудааст. Дар ҳоле, ки дар аввали моҳ ин нишондиҳанда мутаносибан 10,3005 ва 11,1822-ро ташкил медод. 

Дар ҳамин ҳол, суръати поинравии қурби пули миллӣ ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Агар дар ду ҳафтаи аввали моҳи ҷорӣ арзиши сомонӣ нисбати асъори аслӣ ҳамагӣ 10 дарсад коҳиш ёфта бошад, дар як ҳафтаи охир пули миллӣ 26 дарсади арзишашро аз даст додааст. 

Коршиносон тахмин мезананд нишондиҳандаи додугирифти хорифии Тоҷикистон дар моҳи феврал ҳам камтар аз ҳамин давраи соли гузашта хоҳад буд. 

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд “поинравии қурби пули миллӣ ба ин маънист, ки воридшавии асъор ба бозори кишвар камтар шудааст. Аз тарафи дигар суръат гирифтани беқурбшавии сомонӣ дар ҳафтаи охир ва боло рафтани қимати доллару евро дар бозорҳои сиёҳи Тоҷикистон метавонад ба ин ишора намояд, ки моҳи феврал ҳам содироти Тоҷикистон рукуди чашмрасе доштааст”. 

Ӯ ба ин назар аст, ки афзоиши содироти барқ ҳам ба ҳамин масъала бастагӣ дорад: “Ҳамчунин якбора дар моҳи январ фурӯши барқро афзоиш додани мақомоти кишвар ба ин ишора мекунад, ки фурӯши бархе маҳсулоти асосии содиротӣ хеле камтар аз қабл шудааст. Яъне сабаби аслии афзоиши фурӯши барқ метавонад кӯшиши пур кардани халои бавуҷудомада аз камшавии содироти он маҳсулот бошад”.  

Шералиев мегӯяд “бо гумони ғолиб, моҳи январ бинобар таътилҳои тӯлонӣ ва сардиҳо дар Русия, ки дар натиҷа муҳоҷирон даромади камтаре ба даст овардаанд, интиқоли маблағ аз ин кишвар ҳам коҳиш ёфтааст, ки ин ҳам ба қурби пули миллӣ ва камшавии воридот бетаъсир нест”.  

Зиёда аз нисфи содироти Тоҷикистонро маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентрат, неруи барқ ва ангишт), 21,5%-аш аз фулузоти арзонбаҳо ва маснуот аз он, 15%-аш аз маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он иборат аст.

Дар қисми воридот ҳиссаи гурӯҳҳҳои номбаршудаи молу маҳсулот нисбатан дар як сатҳ буда, ҳеҷ кадоме аз он ба нишондиҳандаи 20% намерасад.

Нисбатан зиёдтар маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт, маъдан, консентрат ва ғайра) ба андозаи 17%, мошин ва таҷҳизот — 13,1%, маҳсулоти растанӣ (биринҷ, чой, қаҳва, сабзавот, мева, полезӣ, гандум ва дигар зироати ғалладона) — 9,3% аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.

Касри тавозуни савдо (зиёдтар будани воридот нисбат ба содирот) 265 млн долларро ташкил додааст, яъне воридот аз содирот 3,2 баробар бештар аст. 

Дар моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 86 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Зиёда аз 72%-и гардиши моли хориҷии Тоҷикистон ба чор кишвар — Русия (22%), Чин (21%), Қазоқистон (20%) ва Узбекистон (12%) рост меояд ва додугирифт ҳам асосан бо ҳамин кишварҳо коҳиш ёфтааст: бо Узбекистон 35%, бо Чин — 30%, бо Қазоқистон — 18%, бо Русия — 4%.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *