Як шабакаи ҷосусии Чин, ки тақрибан ним сол боз дар Афғонистон фаъолият дошт аз ҷониби Хадамоти амниятии ин кишвар ошкор шудааст. Ҷосусҳои Чин ба хотири мубориза бо ҷудоиталабони уйғур бо «шабакаи Ҳаққонӣ» ва дигар сохторҳои ҷунбиши Толибон ҳамкорӣ доштаанд.
Бино ба иттилои мақомоти амниятии Афғонистон, яке аз ҷосусони боздоштшуда Ли Янян аз моҳи июл дар Афғонистон фаъолият дошта, яке аз муҳраҳои калидии ин шабакаи ҷосусии Хитой будааст. Ли Янян рӯзи 10 декабр дар дафтараш дар Кобул дастгир шуд. Ҳангоми кофтукоб аз дафтари ӯ силоҳу муҳимот, маводи тарканда, ҳамчунин маводи мухаддири навъи кетамин пайдо кардаанд. Худи ҳамон рӯз ҳангоми кофтукоб аз қароргоҳи ҷосуси дигари кишвари Чин Ша Хун дар маркази Кобул – дар минтақаи Шерпур маводи тарканда ва мухаддир пайдо кардаанд.
Дар умум 9 нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Чин дастгир шудаанд. Яке аз онҳо шаҳрванди Таиланд будааст.
Мақомоти Кобул мегӯянд, ки нақши миёнаравро байни «шабакаи Ли Янян» ва «шабакаи Ҳаққонӣ» Идораи ҷосусии Покистон (ISI) иҷро кардааст.
Хитой мехоҳад баъди хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон дар ин кишвари ҷангзада нақши фаъолтаре биҷӯяд. Як ҳадафи Хитой пешгирӣ аз ҷудоиталабони уйғур аст, ки тавассути Афғонистон метавонанд ба ғарби Хитой гузаранд.