Categories Хабарҳо

Дастикам 100 афғонистонӣ дар заминларзаи Туркия куштаю маҷруҳ шудаанд

Миёни куштаю маҷруҳони заминларза дар Туркия на кам аз 100 шаҳрванди Афғонистон низ будаанд.

Вазорати умури хориҷии Толибон куштаю маҷруҳ шудани шаҳрвандони Афғонистонро дар Туркия таъйид намуда, изҳор дошт, ки эҳтимол ин теъдод афзоиш ёбад.

Дар ин бора муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон*, Ҳофиз Зиё Аҳмад, дар суҳбат бо хабаргузории «TOLOnews» иттилоъ додаст.

Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол ин омор боз ҳам бештар шавад, чун теъдоди қурбониёни заминларза соат ба соат афзоиш ёфта истодааст.

Ахиран расонаҳои Афғонистон аз ҳалокати як зодаи музофоти Парвон хабар доданд, ки ҳамроҳи зану духтараш дар Туркия зери харобаҳо ҷон дода, бо гузашти ду рӯз ҷасадашон берун оварда шудааст.

Гуфтанист, тибқи маълумоти теъдоди қурбониёни заминларза аз 15 ҳазор гузашт. Теъдоди кушташудагон дар Туркия ба 12 ҳазору 391 нафар ва теъдоди осебдидагон ба 62 ҳазору 914 нафар расидааст.

Ба иттилои Раҷаб Таййиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия, дар вилоятҳои осебдида 6444 бино тахриб шудаанд.

Дар Сурия бошад, тибқи омори охирини Вазорати тандурустии ин кишвар теъдоди қурбониён ба беш аз 2992 нафар расида, зиёда аз ду ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бо гузашти се рӯз аз заминларзаи харобиовар дар Туркияву Сурия то ҳол наҷотдиҳандагон аз зери биноҳои фурӯрафта одамони зиндамондаро берун мебароранд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *