Categories Хабарҳо

Низоми бонкдории исломӣ соли ҷорӣ дар Тоҷикистон пиёда мешавад

Аввалин ташкилоти қарзӣ, ки дар асоси принсипҳои бонкдории исломӣ кор мекунад, дар Тоҷикистон давоми соли 2018 кори худро оғоз мекунад.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар додаанд,  раванди омода намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии лозима дар ҳоли анҷомёбист ва додани иҷозатнома барои муассисаҳои қарзии исломӣ имконпазир шудааст.

«Интизор меравад, ки аввалин бонки исломӣ фаъолияти худро дар соли ҷорӣ оғоз хоҳад кард», — гуфтааст Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси БМТ дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломии молиявӣ ва савдо (ITFC)

Наздик ба ҳашт сол аст, ки дар бораи нияти ташкили бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон гуфтушунидҳо меравад.

Дар тобистони соли 2014 Парлумони Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”-ро қабул кард. Як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ дар ин мобайн омода карда шуданд. Бо вуҷуди ин, барои мутобиқ гардонидани санадҳои ҳуқуқии бонкӣ бо принсипҳои молиявии исломӣ Бонки миллӣ аз мушовирон ва мутахассисони байналмилалӣ кӯмак хост.

Дар соли 2015, «Тоҷиксодиротбонк» ба нақша гирифт, ки низоми мукаммали бонкдории  исломиро пиёда хоҳад кард. Аммо ба сабаби дучори мушкилоти молиявӣ шудан, ин бонк низ ақибнишинӣ кард.

Соли гузаштаи 2017, бонки тиҷоратии — «Соҳибкорбонк» — эълон кард, ки мутобиқи принсипҳои бонкдории исломӣ хидматрасониҳои худро ба роҳ мемонад.

Низоми иқтисодии исломӣ аз омӯзаҳои ислом реша мегирад, ки мафҳуми адолатро возеҳу рӯшан таъриф карда ва дар назар дорад? ки рискҳо дар ҳар сурат бояд миёни тарафҳо баробар тақсим карда шаванд.

Бонкдории исломӣ ҳамакнун дар Арабистони Саудӣ, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Индонезия, Миср,  Малайзия, Қувайт, Қатар, Туркия ва Покистон густариш ёфтааст. Дар кишварҳои Ховари Миёна ҳаҷми хадамоти бонкдории исломӣ 25 дарсад аз кулли ин бозорро ташкил медиҳад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамакнун узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва Бонки тавсеъаи исломӣ ҳастанд. Ногуфта намонад, ки бино бар баррасиҳои Сандуқи байнулмиллалии пул, бонкҳои исломӣ нисбат ба бонкҳои маъмулӣ дар баробари бӯҳрони иқтисодӣ тобовартар ҳастанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *