Рубрики Хабарҳо

Муфтии Тоҷикистон ба COVID-19 гирифтор шуд

Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба вируси коруно ё COVID-19 гирифтор шудааст. 

Тибқи иттилоъи манбаъи мӯътамад “Паём”, ташхиси Сайидмукаррам Абдуқодирзода чаҳор рӯз қабл вуҷуди вируси коруно дар ӯро тасдиқ карда, раиси Шӯрои уламо ҳоло дар хонааш табобат мегирад. 

Вазъи саломатии муфтии Тоҷикистон, замоне ки ин хабар дастрас шуд, мӯътадил арзёбӣ мешуд ва табибон ниёз ба бистарисозии ӯ дар беморхонаро надидаанд.

Қаблан манобеъи Паём аз даргзашти писарамаки муфтӣ Эшони Сайвалӣ дар ноҳияи Вахш хабар дода буданд. Гуфта мешавад Эшони Сайвалӣ аз бемории қанд ранҷ мебурд ва рӯзи 17 май даргузашта, як рӯз пас ба хок супорида шуд.

Манбаъи Паём хабар дода буд ду бародари Эшони Сайвалӣ ҳам гирифтори COVID-19  ҳастанд ва дар хонаҳояшон табобат мегиранд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *