Дар муассисаи ислоҳотии 3/2 маъруф ба Кирпичнии шаҳри Душанбе боз зиндониён даст ба ошӯб задаанд.
Манбаьи Паём иттилоъ дод, ки исён аз тарафи 15-17 нафар тарафдорони гурӯҳи ҷангҷӯи Давлати исломӣ сар зада, аммо зуд пахш шудааст. Аз силоҳ истифода шудааст ва ё не маълумоте нест. Аз теъдоди маҷрӯҳону кушташудагон низ чизе маълум карда нашуд.
Чизе, ки ба Паём муяссар шуд, маълум кунад, инаст, ки чанд нафар дар ин ошӯб захм бардоштаанд. Яке аз онҳо Абдуқаҳҳори Давлат, рӯзноманигор ва узви раёсати олии ҲНИТ будааст. Гуфта мешавад, ки ангуштонаш дар натиҷаи латукӯб шикастаанд. Маълум нест ӯ аз ҷониби шӯришиён латукӯб шудааст ё зиндонбонҳо.
Маълумоти бештар дар ин бора дар пойгоҳи Паём ба зудӣ нашр хоҳад шуд.