Рубрики Хабарҳо

Фикри фосид аз сар берун кунем

Барои супоридани ҳуҷҷатҳои яке аз бародарзодагон ба назди донишгоҳ омадам,ки ҳанӯз сарчашмаи хуршед бенур буд ва анбӯҳи мардум пушти тирезаи хазина саф кашида буданд.

Мо ҳам омадему номнавис кардем ва ёдам нест,ки ба фикрам баъди 373 нафар бояд навбати мо мерасид.

Нишастему мунтазири фаро расидани навбат шудем ва рӯз омаду нисф шуд.

Нигоҳ кардм,ки мардум андак-андак барои ғизои нисфирӯзихӯрӣ рафтанд ва ҳамоно анбӯҳи мардум кам намегаштанд.

Мо ҳам барои ғизохӯрӣ рафтем ва аз баргашт нафареро дидам,ки бо фарзандаш оромона кӯчаҳои шаҳрро тамошокунон қадам мезад.

Рӯбарӯ омадему суол кард,ки ҳанӯз ҳам ҳуҷҷат насупоридаед?

Гуфтам: На!

Гуфт: Соати чанд омадед?

Гуфтам: Пеш аз рӯшанӣ кардани офтоб.

Писханди мулоиме карду як пойро пеш ниҳоду пои дигарро ақиб гузошту шонаҳоро боло карду гуфт:

«Мо чанд соат пештар омадему тамом кардему меравем.Панҷоҳ сомонӣ метед кор тамом»

Гуфтам:

Аз ҳама зиштарин чиз бароям ҳамин аст.Мо мунтазир мемонем!

Бозгаштем ба назди донишгоҳ ва мисли пешин ҳама занҳои кампиру мӯйсафедону роҳнодонҳо меистоданд ва мунтазири навбат буданд.

Як давру бари мардумро гаштаму баъдтар мутаваҷҷеҳ шудам,ки «кордонҳо» аз пасу пеш ворид шудаву ҳақгӯён ботил дода корро тамом карда мерафтаанд.

Ба худ андеша мекардаму аҷабам меомад,ки ин ҳама мардуме,ки дар даст худ чанд ҳазор сомони пули шартнома овардаанд,боз пул медиҳанд,то пул бидиҳанд?

Аҷабтар он,ки баъди ин ҳама саросемагӣ ба куҷо мераванд?

Ба кайҳон?

Ба он сӯи уқёнус?

Ба коргоҳ?

Ба куҷо?

Шояд рафтану осуда дар соягӣ хобидан мераванд?

Шояд…

Рӯй ба бародарзода кардаму гуфтам:

Агар то пагоҳ навбат нарасад,мо ҳам ҳаминҷо мемонем.

Ман наметавонам,ки он кампиру мӯйсафеди пушти даристодаро ғофил кунаму инҷо ботил диҳам,то зудтар худро аз инҷо берун кашам!

Оне,ки дар дохил нишаставу заҳмат эҷод карда аст,худ ба заҳмат монда аст.

Мо ҳам чун сиёҳии сари дил мемонем.

Хуб,бегоҳирӯзӣ навбати мо ҳам расиду ҳуҷҷатҳоро супоридем ва пуштамро нигоҳ кардам чанде аз бемадорону хастаҳолони дигар монда буданд.

Баргаштему баъди чанде қиссаро пеши чанде ва як нафар аз ҳоҷиён гуфтам:

Ҳоҷӣ гуфтанд:

«Хайр ҳамон пули роҳкирову мондану наҳорӣ хӯрданатон ҳамон пул мешавад.Ҳаққаша медодеду тез тамом карда меомадед,намешуд?»

Гуфтам:

О, ман роҳкиро барои роҳ медиҳаму наҳорӣ дар шиками худ мехӯрам,наход ин ҳамаро бо ҳам омезиш диҳед?

Боз чизе дигар аз ҳарфҳои подарҳавову беотифа илова карданд ва дидам,ки зишту ботил дар чашмашон неку ҳақ ҷилвагар шуда аст.

Ёде аз Соиби рамзошно омад,ки гуфт:

Надорад гардиши мову ту бо ҳам нисбат эй ҳоҷӣ,

Ту гирди хонаву ман гирди соҳибхона мегардам.

Кафшонамро пӯшидаму худро аз ин ҷамъ берун гирифтам ва ёдам ҳарфҳои устод,Абдуқодири Рустам омад,ки:

«Биллоҳ,Одам дар ин ҷомеъа девона мешавад.»

Пойнавишт:

То фикри фосид аз сар берун накунем, маҳол аст, ки салоҳ дар корҳои мо дида шавад!

Имоммуҳаммад Ғоибов
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *