Таҳминаи Эмомалӣ ва шавҳараш Зарифбек Давлатов бозори “Фаровон” воқеъ дар маҳаллаи 32-юми Душанбе ва маркази тиҷоратии “Садбарг”-ро ғасб карданд. Соҳибони қаблии он ба ивази ду бозори бузург ҳеҷ маблағе нагирифтаанд.
Маркази тиҷоратии “Садбарг”, ки яке аз марокизи аввалини савдо дар Душанбе буд, қаблан аз тарафи бародарон Сафар ва Ғафур Муродалиевҳо харида шуда буд. Баъди рушди он ва бинобар танг будани ҷой, онҳо соли 2007 як базаи бузургро воқеъ дар воқеъ дар суроғаи Чаббор Расулов 10, ш.Душанбе (рӯбарӯи маҳаллаи 32) харида дар онҷо бозори “Фаровон”-ро бунёд карданд. Ҳоло ҳам маркази савдои “Садбарг” ва ҳам бозори “Фаровон” аз тарафи Таҳминаву Зарифбек ғасб шудааст.
OLYMPUS DIGITAL CAMERA
Бозори “Фаровон” беш аз 10 сол қабл аз тарафи Ғафур ва Расул Муродалиевҳо ташкил карда шуда, асосан бозори фурӯши яклухти маҳсулоти хӯрокворӣ. Аз аксари манотиқи ҷумхурӣ аз ин ҷо харид мекунанд. Якуним-ду соли охир, баъди ба он чашм ало кардани Таҳминаву Зариф, аз ҷониби мақомот тез-тез санҷиш гузаронида мешуд.
Тибқи гуфтаи манбаъи Паём, ҳудуди як моҳ намояндагони домоди раисҷумҳур дар бозор гаштугузор карда, таҳлил мегузаронанд ва 10 рӯз пеш онро зери назорати худ қарор медиханд. Раиси бозор — Расул ҳанӯз дар мавқеъаш қарор дорад, вале Зарифбек Давлатов тамоми муҳофизин ва коргарони бозорро иваз карда нафарони худро мондааст. Нафарони ӯ бо ҳар як соҳибкор сӯҳбат гузаронида таъкид кардаанд, ки онҳо соҳиби нави бозор мебошанд ва минбаъд иҷора ба онҳо супорида мешавад. Ҳамчунин ба савдогарон ваъда додаанд, ки дигар ягон нафар аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба бозор барои санҷиш даромадан намемонанд.
Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, Зарифбек ба Муродалиевҳо пешниҳод кардааст, ки маркази тиҷоратии “Садбарг”-ро ба ӯ фурӯшанд. Вале нархи пешниҳодкардаи домоди раисҷумҳур онҳоро қонеъ накардааст. Баъди қабул накардани онҳо домоди раисҷумҳур ҳамроҳ бо ҳамсараш ҳам “Садбарг” ва ҳам бозори “Фаровон”-ро бидуни пардохти камтарин маблағе азхуд карданд.
Зарифбек Давлатов Муродалиевҳоро таҳдид кардааст, ки дар сурати камтарин шикоят ё расонаӣ шудани ин ғасби рейдерӣ, онҳоро тақдири чанд соҳибкори садобаландкарда интизор аст.
Ғасби рейдерӣ аз дӯстдоштатарин роҳҳои даромади аъзои Оила аст. Моҳиртарин ғосиб домоди дигари раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов ва додарарӯси раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода ҳастанд. Вале духтару домодҳои дигар, аз ҷумла Озодаву Таҳмина аз онҳо монданӣ надоранд. Аз ҷумла Таҳмина як қисми яклухтфурӯшии бозори «Корвон»-ро аз дасти оилаи Машрабовҳо ҳам гирифтааст, ки яке аз манбаъҳои даромади иқтисодии ӯ ба ҳисоб мераванд. Яке аз фарзандони Хол Машрабов, собиқ раиси ноҳияи Рўдакӣ ва бундёгузори бозори «Корвон» ҳам тасдиқ карда буд, ки як қисмати бозорро духтари раисҷумҳур гирифтааст.
Аз “тиҷоратҳо”-и дигари Таҳмина Раҳмон фурӯши билетҳои ширкати давлатии “Тоҷик эйр” аст, ки онро монополия кардааст ва миллионҳо доллар даромад мегирад.
Таҳмина ҳамчунин молики ширкати хайриявии “Лола” аст, ки соҳибкорони зиёде маҷбур ба “ихтиёран” ворид кардани маблағҳои хайриявӣ ба он ҳастанд. Танҳо дар соли 2017 ин созмон беш аз ду миллион доллар “хайрия” ҷамъоварӣ кардааст.