Дар ҳар давру замон ҷавонон сутунҳое муҳкам, сармоя ва парчамбардони ҳар миллат ва кишваре буданд ва ҳастанд. Ҷавонон маъданҳоеро мемонанд, ки ошкор намудани онҳо ва коркарду ба ҷомеъа тақдим карданашон сабаби пешрафту шукуфоии ҳар миллате хоҳад шуд. Ҷавонон нерӯ ва истеъдодҳои ниҳоне ҳастанд, ки агар нодида гирифта шаванд ва барои бедорӣ ва шукуфоии онҳо талош ба харҷ дода нашавад, (аз ду ҷониб) эҳё ва тараққии як миллат солҳо ба таъхир меафтад.
Ин қишр дар ҳар замоне тавонистанд бо нерӯе, ки Худовванд барояшон додааст, мушкилотро аз сари роҳ бардоштаанд, як миллати маъюс ва ноумедро ба миллате умедвор ва ояндабин мубаддал намуда, торикиҳоро ба рӯшноӣ табдил дода, роҳҳои расидан ба мақсудро ҳамвор кунанд. Метавон гуфт, ҳеҷ роҳе барои пешрафту шукуфоии миллатҳо вуҷуд надорад, ҷуз огоҳӣ, бедорӣ ва пешрафти ҷавонони миллатҳо.
Вале имкон надорад, ҷавонон бидуни доштани муаллимони шоиста ва устодони моҳир огоҳ ва бедор гарданд; бидуни доштани роҳбари муваффақ ва ғамхор пешрафт ва тараққӣ кунанд; бидуни роҳнамо ва муршиди комиле ба камол расанд; бе фикр ва бе доштани дарки сиёсӣ ҳадаф дошта бошанд ва ба ҷое бирасанд; бидуни ҳазина парчамбардори миллат ва мардуми худ гарданд.
Ин ва даҳҳо “аммо” ва “агар”-ҳои дигар ҳаст, ки бояд пеш аз он ки ангушти иттиҳомро барои бемасъулият будани ҷавонон ба ҷониби онҳо дароз кунем, ҷавоби муносиб барояшон дошта бошем.
Мутаассифона, то имрӯз давлат ва миллати мо натавониста ба ин “аммо” ва “агар”-ҳо посухи муносиб бидиҳад. Дар тӯли 27 сол мо хеле сармояи худро аз даст додем, солона ҳазорҳо нафар ҷавон баъди хатми мактаби миёна рӯ ба муҳоҷират меоранд, қисми зиёди дигараш дар дохил сарсону саргардон, он қисме, ки бо ҳазор мушкилот вориди донишгоҳ мешаванд ва донишгоҳро бо он ҳама камбудиҳое, ки дар соҳаи маорифи мо ҷой дорад, хатм мекунанд, дар кишвар ҷойи кори муносиб барои худ пайдо намекунанд.
Ногуфта намонад, ки фориғутаҳсилони мо ба хотири набудани барномаи дурусти таълимӣ, надоштани устодоне, ки бо хотири ҷамъ ва дур аз ғами маошу дарёфти маблағи муносиб барои пешбурди зиндагиашон, сари дарс ҳозир шаванд, набудани фазои озод барои ибрози андеша, наметавонанд нақши муассире дар сохтани як миллати пешрафта дошта бошанд.
Бо ин вуҷуд боз ҳам мо мунтазири ҳукумати бесалоҳият бинишинем ва дар фикри сармоя ва захираи аслӣ ва боарзиштаринамон, ки ҷавонон ҳастанд, набошем, ҳамон тавр ки то ин замон қисме зиёди онро аз даст додем ва натавонистем аз онҳо ба манфиати миллату кишварамон истифода кунем, қисми дигарашро низ аз даст хоҳем дод. Аз ин хотир ҳама қишри миллат аз худи ҷавонон шурӯъ карда, бояд ҳамагӣ дар фикри ин мушкил шавем ва ҳарчӣ зудтар роҳи ҳали дурусте барои он пайдо намоем.
Барои наҷоти ин қишр ва сутуни миллат аз ин мушкилот, ва аз зеҳни онҳо берун кардани афкоре, ба мисли ноумедӣ, тарс, тақлиди кӯркӯрона, тамаллуқ чоплусӣ, зиндагии ғуломона, талош мебояд ва набояд гузошта шавад ин нерӯ ва қуввати миллат дар муқобили хостаҳои нафароне, ки барои миллат ва мардум ҷуз бадбахтӣ ва мусибат, коре анҷом надодаанд, зону бизананд.
Эй ҷавонон азиз! Сараввал бояд хуб бидонед ва яқин дошта бошед, ки тағйир яке аз суннатҳо ва қонунҳои собит ва бетағйири Худованд аст, ки ҳеч касе тавони дигаргун кардани онро надорад. Аз ин хотир хешро омода созем ва барои тағйир ва ислоҳи нафс ва аъмоли худ бикӯшем, сипас барои ислоҳ ва дигаргун сохтани ҷомеъа ҳаракат кунем. Тағйирот дар касби илму маърифат, сохтани шахсиятҳои озод ва бедор дар ҳама заминаҳо, ворид шудан ба ҷомеъаҳои маданӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ, иҷтимоъӣ, варзишӣ, динӣ, хайриявӣ…
Бояд дар ҳар заминае, ки ихтиёр мекунем фаъол бошем, то роҳбарони ояндаи миллату кишварамон шавем.
Чанд қоида ва роҳкори Қуръонӣ дар робита ба тағйир ва ислоҳи худ ва ҷомеъа
-Пеш аз ҳама барои ислоҳ ва тағйир, инсонро мебояд, хостгори он бошад. Зеро бузургон гуфтаанд: “Хостан тавонистан” аст. Қуръони карим ҳам дар чандин оятҳо бар ин ҳақиқат таъкид мекунад. Худованд дар ояти 13-ӣ сураи Шуро ва 27-ӣ сураи Раъд мефармояд. “Ҳарки ба суи Худованд рӯй биёварад, Худвонвд ӯро ҳатман роҳнамои мекунад.“ Дар ин ду оят Худованд бар ин ҳақиқат ишора дорад, ки аввалин иқдом барои расидан ба ҳақиқат ва роҳи дуруст ва тағйир ҳол аз бадӣ ба хубӣ, аз хубӣ ба хубтар ва олӣ, рӯй овардан ба ҳаққат ва хостани он аст.
— Яқин доштан, ки тағйир дар олами ҳастӣ яке аз қонунҳо ва суннатҳои Илоҳӣ аст. Ин як воқеъиятест, ки бар мо воҷиб аст онро бипазирем ва бар асоси он зиндаги намоем. Балки барои эҷоди дигаргуни ва тағйирот дар ҳама бахшҳои зиндагӣ талош намоем ва барои гузаштан аз ҳолати феълӣ ва сохтани ояндаи беҳтару хубтар аз он истифода кунем. Аз ҷумла Худованд дар ояти 140-ӣ сураи Оли Имрон бар ин амр ишора мекунад. “ Ин рузгорро бо (ихтилофи аҳвол) миёни халоиқ мегардонем.” Мафҳуми оят.
-Воқеъияти ҳар ҷомеъа тобеъ ва ё метавон гуфт натиҷа ва ҳосили он чизест, ки дар нуфус ва афкори афроди он ҷомеъа ҷой дорад. Ба унвони мисол агар дар нуфус ва афкори афроди ҷомеъае, зеҳният ва афкори ғуломӣ ҷой дошта бошад, яомеъа низ гирифтори ин бемори хоҳад буд, вале агар баръакс дар ҷомеъае, ки афроди он афкори ва рӯҳи озод дошта бошанд, он ҷомеъа ҳатман озод хоҳад буд. Бинобар ин барои ворид кардани ислоҳот ва тағйирот дар ҷомеъа лозим меояд сараввал ислоҳот ва тағйироте дар вуҷуди худамон ба вуҷуд биёварем. Худованд дар ояти 11-ӣ сураи Раъд ин қоъидаро бо тарзи хоссе баён медорад. “Худованд ҳоли ҳеч қавмеро дигаргун нахоҳад кард, то замоне, ки худи он қавм ҳолашонро тағйир надиҳанд.” Мафҳуми оят
— Ваъдаи Худованд аст, ки ҳама мушкилот гузаранда ҳастанд ва баъ аз ҳар мушкили ва дарду ранҷ, ҳатман осонӣ ва кушоиш хоҳад омад. Азин хотир аз ҳолати мавҷуда ноумед ва дилсард набояд шуд ва бо умеди беҳбудӣ ва кушоишу пешрафт дар оянда аз пайи ислоҳот ва тағйирот шуд ва барои ба даст овардани он талош ва кушиш кард. Худованд дар сураи оятҳои 5,6 мефармояд: “Баъди ҳар сахтие, кушоише ҳаст, балки бо ҳар сахти ва мушкилие ду кушоиш аст.” Мафҳуми оят.
— Барои ислоҳот ва тағйирот талош ва кушиш мебояд кард. Зеро ҳеҷгоҳ бе ранҷ ганҷ ба даст нахлҳад омад. Ҳарчи талош ва кушиш бештар,бо барномаи дуруст ва санҷида сурат бигирад, ҳатман Худованд самара ва натиҷаи чанд баробар хоҳад дод. Худованд дар ояти 69-ӣ сураи Анкабут мефармояд: “ Ва касоне, ки дар роҳи мо талош мекунанд роҳҳои (расидан ба ҳақро) барои онҳо нишон хоҳем дод.” Мафҳуми ояти карима. Чуноне, ки мебинем яке аз роҳҳои расидан ба комёбӣ ва ҳақ дар ин ояти карима, вобаста ба ҷаҳду талоши худи инсон вобаста карда шудааст. Ҷаҳду талоши инсон сабаб мешавад, ки Худованд пеши рӯи ӯ роҳҳои зиёдеро кушода намояд ва инсон ба қуллаҳои пирӯзӣ бирасад.
— Баъди анҷоми ин ҳама роҳкорҳо шахси мусалмонро мебояд, аз яке дигар роҳнамоиҳои Қуръонӣ, ки дуъо ва зикри Худо аст истифода намояд. Чун дуъо ва ёди Худо роҳнамо ва роҳкушои шахси муъмин дар ҳама умур ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки Худованд дар сураи Тоҳо аз забони Ҳазрати Мусо (с) ҳикоят мекунад, ки чунин дуъо мекарданд. “ Гуфт: Паровардигоро синаамро кушода гардон! Ва корамро барои ман осон соз! Ва аз забонам гиреҳ бикшо! (То) Суханамро бифаҳманд.Ва барои ман дастёре аз наздиконам қарор бидеҳ! Ҳорун бародарамро. Пуштамро ба ӯ устувор кун! Ва шарики корам гардон!”
Дар охир дуъо мекунем Худованд ҳама ҷавонони моро ба роҳи рост ҳидоят фармояд ва барои онҳо бедорӣ ва дарки воқеъият ва барои онҳо тавфиқ бидиҳад, ки барои ислоҳ ва тағйири худ ва сипас ислоҳу тағйири ҷомеъа талош ва кушиш намоянд.
Исломҷон Саидов