Рубрики Хабарҳо

Як тоҷик дар Русия ба таблиғи Толибон муттаҳам шуд

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи марказии ҳарбии Русия зодаи шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон Ҳафизов Фирӯз Сафаровичро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро ба таблиғи ҷунбиши Толибон ва кӯшиши ҷалби як зани сокини вилояти Саратов ба саффи ин ҷунбиши аз соли 2003 дар Русия мамнӯъ гунаҳкор шинохт.

Раёсати ФСБ дар вилояти Саратов хабар дод, ки Фирӯз Ҳафизов сокинонро тавассути Интернет барои пайвастан ба саффи Толибон таблиғу ташвиқ мекард. Ба гуфтаи ФСБ, аз ҷумла як мавриди кӯшиши ӯ барои ба саффи Толибон ҷалб кардани як зани сокини шаҳри Саратов ошкор карда шудааст.

Фирӯз Ҳафизов дар зимистони соли ҷорӣ дастгир карда, ба зиддаш бар асоси қисми якуми моддаи 30 ва қисми дуюми моддаи 205.5-и Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қасди ташкили фаъолияти созмони террористӣ ва иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд.

Дар иттилоияи расмии ФСБ исми маҳкумшуда гуфта нашудааст, вале дар видеое, ки ин ниҳоди амниятӣ нашр кард, маъмурони ФСБ ҳангоми боздошт номи ӯро зикр мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *