Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз ғайб задани писараш Ҳоҷиакбар дар Русия хабар додааст. Ӯ имкони дуздида шудани писараш бинобар ширкаташ дар интихоботи парлумониро баъид намедонад.
Муовини раиси ҲСДТ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки 5 рӯз мешавад писараш Одинаев Ҳоҷиакбар дар Федератсияи Русия беному нишон гаштааст. Ӯ навиштаашро бо ҷумлаи “Дод аз дасти чунин давлату ҳукуматдорӣ!” шурӯъ карда, гуфтааст “ман, ки намоянда аз ҲСДТ дар интихоботи дар пешистода хастам, шояд писари маро дуздидаанд ё пинҳон кардаанд”.
Одинаев тоҷикони муҳоҷир ва муқими шаҳри Маскави Русия хоҳиш кардааст ҳар маълумоте дар бораи писараш доранд ба ӯ ирсол намоянд.
Ҳамчунин муовини раиси ҲСДТ рақами писари дигарашро навишта, хоҳиш кардааст ба ӯ кӯмак карда шавад. Ин ҳам рақами бародари Ҳоҷиакбар:: +79252999120 мебошад.
Дар охир Маҳмурод Одинаев навиштааст: Ҳукумати мо агар ҷавононро бо кор таъмин менамуд, ҳоҷат ба мардикорӣ рафтани фарзандони мо ба давлатҳои дигар набуд”.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ягона ҳизби ғайрикисагӣ дар Тоҷикистон аст, ки бо 8 номзад вориди сабқати интихобот гаштааст. Маҳмурод Одинаев ҳамроҳ бо раиси ин ҳизб Раҳматилло Зоиров ва муовини дигари ӯ Шокирҷон Ҳакимов аз номзадҳои интихоботи қарибулвуқӯъ мебошанд.