Ширкати “Комил-2010”, ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мутааллиқ аст, бо амри Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдкунандаашро қатъ кардааст. Кумитаи меъморӣ аз “Комил 2010” талаб кардааст камбудиҳояш дар сохтмонро бартараф созад.
Дар сурати ислоҳ нашудани камбудиҳо дар сохтмонҳояш муҷаввизи фаъолияти ширкати Бег Сабур бозпас гирифта мешавад. Дар ин бора Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон имрӯз, 31 январ дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Ба гуфтаи Раҳматулло Табарзода, сардори хадамоти сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон оғози сохтмон бидуни ташхиси кумита ва берун аз тарҳ бунёд кардани ошёнаҳо, аз ҷумлаи камбудиҳо дар фаъолияти ширкати “Комил-2010” будааст.
Ба гуфтаи ӯ сохтмон дар бархе иншоотҳои ин ширкат дар минтақаи Зарафшони шаҳри Душанбе боздошта шудааст. Бархе расонаҳо аз боздошти сохтмони ин ширкат дар шаҳри Кӯлоб низ хабар медиҳанд.