Абу Довуд Тоҷикӣ як ҷангҷӯи тоҷик ба пайвандонаш занг зада хостааст, ки фавран ба ӯ 6 ҳазор доллар фиристанд, то ҳуҷат дуруст карда аз як макони хатарнок берун шавад.
Парвиз Саидраҳмонов, ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ», ки бо номи дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин созмонро таблиғ мекард, пас аз ду соли нопадид будан бо наздиконаш тамос гирифтааст. Дар навори савтие, ки наздиконаш иддао мекунанд, ба Абу Довуд тааллуқ дорад, ӯ хоҳиш мекунад, ба як дӯсташ дар ҷазираҳои Малта пул фиристанд.
Ин хабарро Радиои озодӣ нашр карда навишт, тамоси ӯ моҳе пеш, замоне сурат гирифтааст, ки охирин пойгоҳи гурӯҳи ҷангҷӯи давлати исломӣ дар минтақаи Бағузи Сурия Он вақт расонаҳо гуфтанд, бархе аз ҷангҷӯён тавонистаанд, аз он ҷо фирор кунанд ва дар манотиқи дигар пинҳон шаванд. Маълум нест, Саидраҳмонов дар он ҷо буд ё на ва ҳоло куҷост. Ҳарчанд, модару хоҳаронаш исрор карданд, вале Саидраҳмонов макони буду бошашро нагуфтааст.
Ба сабаби он ки ҳамчун террористи хатарнок ҷустуҷӯ мешавад, пайвандонаш зуд мақомотро хабардор кардаанд
Парвиз Саидраҳмонов аз ҷониби Русия ба воситаи Интерпол барои созмон додани чанд ҳамлаи террористӣ дар хоки ин кишвар ҷустуҷӯ мешавад.
Ду соли ахир Абу Довуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо намешуд ва бо хонаводааш низ тамос надошт. Бисёриҳо тахмин мезаданд, ки вале тамоси охираш нишон медиҳад, ки ӯ ҳанӯз зинда аст. Ё ба камияш дар рӯзҳои суқути Бағуз зинда буд. Сарнавишти баъдияш номаълум мемонад.