Categories Хабарҳо

Гуфтугӯи бахорӣ

Баҳор фаро расид. Мерасад, вале барои ҳар кас ҳар гуна мисли рангорангии табиаташ, гоҳе офтобию хандаовар ва гоҳе ҳам абрноку маҳзун. Бо омаданаш аз умри инсон як сол мафзояду ӯро ба хонаи абадияш наздиктар мешавад. Қадамаш ҳуҷаста бод, аммо на барои ҳама чун баҳор бо Ватану булбул бо чаман хуш аст!

Қаҳри баҳорӣ

Мехостам имсол бо баҳор қаҳр шавам, зеро ба ҳама ҷо яксон нест, ба ҳама якранг нест, дари ҳамаро як наво намекӯбад. Мисли ин, ки дигаргун гашта бошад, мисле, ки замона онро харида бошад. Баҳорро, соле, ки гузшт, омада будӣ, вале нописандона ва хиромон, назаре накардӣ бо булбулони синачок, бо кабкҳои дар қафаси зулм гирифтор, бо лонаҳои аз тундбоди ҷаҳли зимистон харобгаштаи тутиён, ба оҳувони ташналабу гизолони хастаҳол, оре гузаштӣ ва бар мазори шоҳинболони шаҳид нигоҳе ҳам накардӣ ва хуни лолаҳояшонро нашустӣ, чун туро дуздида буданд. Бо тамоми зебоӣ ва рангорангият аз чашми ошиқонат дур монда будӣ,чун туро рабуда буданд! Дар Ватани азизам баҳор расид, вале на ҳама баҳор доранд, барои бисёре аз хонаводаҳо баҳорро ҳабс карданд, дуюмбаҳораст, ки ҳамватанони бегуноҳи мо қурбонии ҷаҳолат гаштаанд ва хонаводаҳояшон дур аз меҳри падар солҳоро бо машақат пушти сар мекунанд!

Суолҳои баҳорӣ

Ҷашнҳои бо шукӯҳ ва рақсу суруд бо масрафҳои ҳангуфт дар кишварамон ба авҷи аъло расидааст, пешвози фасли баҳор ва ҷашни рӯзи занон бо пушидани адрасу чакан дар як сол фақат як рӯз барои модар рӯз будааст? Занони тоҷик як рӯз Модаранд, он ҳам на ҳамаашон, балки нафарони хос ва модарони «арзанда»? Чӣ мешуд дар ин рӯзи Модарон, фарзандони бо туҳмат зиндонӣ гашта аз хонавода бо модаронашон дидор медиданд? Чӣ мешуд дар ин рӯзи Модарон маҳбусони бегуноҳ канори ҳамсаронашон мебуданд? Чӣ мешуд дар ин рӯзи Модарон падарон дасти навозиш бар сари тифлаконашон мегузоштанд? Магар ҷашни Модарон умумимиллӣ нест?

Баҳори хонаводагӣ

Чаро ин ҷашнро як хонавода бо атрофиёнаш хоси худ кардааст? Хеле аламовар аст барои нафаре, ки дар ин рӯзҳо ин намоишкориҳоро мебинад ва дар ҳамсоягиаш тифлони гуруснаи дар фироқи падар, нолаи модари мазлум ва муҳтоҷро мешунавад, вале коре аз дасташ намеояд. Ҳатто наметавонад ошкор таоме ё ғизое ба онҳо бидиҳад, чун ҷавоб хоҳад гуфт назди «қонун» кадом «қонун»? Ин тоифа мехоҳанд инсониятро ба робот мубаддал созанд? Ҳамаро мисли худашон ба афроде фурӯмояву бешуъур табдил додан мехоҳанд, кӯр шаванду неку бадро фарқ накунанд, кар шаванду нолаву оҳи мазлумонро нашунаванд, вале ҳайҳот, ҳечгоҳ чунин нахоҳад шуд, зеро ин миллат ҳанӯз зиндааст!!! Имрӯз модарон ҷашн доранд, ҳама ҷаканпӯшу адраспӯш, ҳама шоду пирӯз даври арчаи «сарзабз»-и баҳорӣ мечарханд. Имрӯз расонаҳои давлатӣ ҳама таърифи модар мекунанд ва оинаи нилгун ҳам имрӯзҳо меҳмони азизи хонаи модарон аст. Ҳар ҳарфи хубе дар олам ҳаст барои як рӯз гуфта мешавад. Дурӯғ ҳам хеле зиёд мегӯянд, вақте дуруғ гуфта шуд, он ба одат табдил меёбад ва одат ба бовар, модарон ҳам мепиндоранд, ки рӯзе доштаанд!

Рашки баҳорӣ

Баҳор омадӣ, биё, хуш омадӣ!!! Тарс аз он дорам, ки мушкилиҳое дар пай дорӣ! Бо омаданат пардаи ҳоҳаронамро медаранд, андоми нозӯкашонро бо нигоҳи нохалафон месӯзонанд! Омаданатро хелеҳо интизор буданд. Бояд бо омадани баҳор ҳама урён бошанду муйҳо парешон, то ҳусни шаҳр коста нагардад. Магар ту бо занҳо рашк дорӣ, ки иффати онҳоро мебарӣ? Бо ин ҳама бе банду борие, ки модари тоҷик дошт ва танҳо як рӯз дошт, ки таҳният мешунид, онро ҳам гирифтӣ? Бо омаданат занҳоро таҳқир намудӣ, яъне он либоси миллии адрасу чакане, ки як рӯз онҳоро хушбахт нишон медод, имсол бар мошинҳо пушонданд, либоси миллии точик зеби мошин дорад ва зан модарро дар кишвари биҳиштосои ман ба мошин ё роботхонум табдил сохтӣ ва либосамро бар мошин пушонидӣ!

Паёми баҳорӣ

Омаданат ҳуҷаста бод баҳор, биё дӯст бошем ва паёмамро ба насими форамат бар дару девори ҳамватанонам бирасон, бигӯ бедор шаванд, афсонаҳои дуруғин поён меёбад, хобҳои даҳшатафкани деви ҷаҳл ба анҷом мерасанд, сапеда медамад, бонги хуруси саҳарӣ ба гушат азони ҳаёт мерасонад, яъне бедорӣ ва шаббедорӣ беҳтар аз хобҳои маҷбурист! Бедорашон кун, бо навозиш ва оҳанги азони бедорӣ, то намози субҳ хонда шавад ва пардаи зулумот дарида! Биё, ҳамроз бошем, чун қалби хунчакон ва доғи ҳиҷрон дорам. Биё, имсол бе ҳавсала ва сарсарӣ нагузар, чун ҳар сол ҳамсафарем, Биё! Тиловате аз Каломи Рабонӣ ва ҳадяе аз чаманзори Иллоҳӣ барои модароне, ки шермардонашон зиндониянд, модари Бузургмеҳр, модари Қиёмиддин, модари Абдуқаҳор, модари Муҳаммадалӣ, модари Саидумар, модари Зайд ва дигарон…

Дастагуле зебо ба асираи мазлум Миҷгонабонуи Зайниддин, ки зодрӯз дорад ва рӯзи Модарон ба дунё омадааст. Зиҳӣ, бонуи вафодор Савриниссо, ки ранҷу азияти зиндон ва туҳмату буҳтон қомати сарватро хам накард. Зиҳед модарони тоҷик, зиҳед!!!

Мунисаи Солеҳ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *