Гурӯҳи бузурге аз муҳоҷирони тоҷик 20 рӯз аст, ки дар фурӯдгоҳи “Толмачево”-и шаҳри Новосибирски Русия ба сар мебаранд. Консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр мегӯяд аз дасташон чизе намеояд.
Гурӯҳи 70-нафараи муҳоҷирони тоҷик, ки байнашон занони ҳомила, кӯдакони хурдсол ва пиронсолон ҳам ҳузур доранд, рӯзи 18 март ба фурӯдгоҳ омадаанд, аммо парвоз лағв шудааст. Дар сӯҳбат бо Паём яке аз ин мусофирон гуфт, тамоми муроҷиъатҳояшон ба мақомоти кишвар бепосух мондааст.
Аз ҳамон рӯз онҳо дар фурӯдгоҳ ба сар мебаранд. Мегӯянд, ки пулҳояшон ҳам тамом шудааст ва имкони харидани хӯрданиро низ дигар надоранд. Имкони бозгашт ба хонаҳои иҷораашонро ҳам надоранд.
Манбаъи Паём ду навор фиристод, ки дар яке дида мешавад мусофирон бо нафаре, ки зоҳирна намояндаи расмии Тоҷикитсон аст, сӯҳбат мекунанд. Ӯ онҳоро ба оромӣ даъват мекунад ва мегӯяд, ки «дар тамоми ҷаҳон аҳвол ҳамин аст».
Яке аз муосифирон мегӯяд чаро ҳамаи давлатҳо метавонанд шаҳрвандони дармондаи худро баргардонанд, аммо давлати мо наметавонад?