Албатта ҳар яки шумо суханони омӯзгорони мактабро дар бораи ояндаи хуб таҳсилкардагон ва бад таҳсилкардагон дар ёд доред. Мо ҳам ҳамеша дар он бовар ба воя расидем, ки агар хуб нахонӣ, ягон одами дар ҷамъият камобрӯ ва камбағале мешавӣ. Як бор дурусттар нигоҳ кунед, ки оё ҳамон ҳамсинфони дуруст таҳсилнакардаамон дар зиндаги номуваффақ шуданд? Не албатта, гоҳо тамоман баръакс духонҳо роҳбари ширкатҳои номие мешаванду соҳиби обрӯву эътибор ҳам. Хушхонҳо ва баъзан бо медал хатмкардагон бошанд, бо ҳамон маоши ночизи самти илму маориф, ё тандурустӣ рӯзашонро маош то маош мегузаронанд.
Бо ин гуфтаҳо аҳамияти таълимро инкор кардан мумкин нест. Бовар кунед, ки инсон ҳар қадар таҳсилкарда бошад, карераи ояндаи ӯ ҳамон қадар муваффақ хоҳад буд. Бисёр одамон боварӣ доранд, ки одамоне, ки донишгоҳ ё мактабро тарк кунанд, дигар зиндагӣ пуразоб мегузарад. Аммо дар ин қоида ҳамеша истисноҳо мавҷуданд. Дар зер мо номи 10 нафар чунин одамонро гирд овардем, ки бе ягон маълумоти олӣ соҳиби обрӯ ҳам, сарват ҳам, ҷойгоҳи муайян ҳам шуда тавонистаанд.
Инак дар зинаи 10-ум номи миллиардер Ҷон Рокфеллерро ҷой додем. Ҷон Рокфеллер пеш аз он ки сарватмандтарин одами таърих шавад, писари хоксору ороми як марди қаллоб дар минтақаи Кливленди Огайо буд. Гарчанде ки ӯ каме маълумотнок ҳам буд, аммо дар синни шонздаҳсолагӣ, тасмим гирифт, ки барои ба даст овардани 100 000 доллар тарки мактаб карда, соҳибкорӣ оғоз кунад. Яъне мақсадаш ҳамагӣ сад ҳазор доллар буд. Шурӯи кораш дар самти саноати нафт буд ва ширкати истеҳсолии «Standard Oil» ро таъсис дод ва торафт ин самтро монополия карда гирифтан гирифт. То соли 1902, Рокфеллер 200 миллион доллар дошт ва пеш аз маргаш, сарваташ беш аз як миллиард доллар ҷамъ гашта буд.
Нафари дигар журналист ва конгрессмен Ҳорас Грили аст, ки дар ибтидои асри нуздаҳум дар Ню-Ҳемпшир таваллуд шуда, яке аз шахсони бонуфузи матбуот дар таърихи Амрико гардидааст. Вай инчунин сиёсатшинос ва яке аз аъзои таъсискунандаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳам ҳаст. Грилей ин ҳама фаъолияташро бидуни таҳсилоти миёна анҷом додааст. Дар синни понздаҳсолагӣ, ӯ аз хона рафт, то шогирди як чопгар дар Вермонт шавад. Дар синни бистсолагӣ, ӯ ба Ню-Йорк кӯчид ва дар маҷаллаи New Yorker ва New York Tribune ба кор шурӯъ кард. Маҳз фаъолияти назаррасаш дар нашрияи Tribune буд, ки ӯро машҳур сохт. Вай инчунин дар бунёд кардани шаҳре, ки баъдтар номи ӯро ба ин шаҳр ниҳодаанд, кӯмаки арзандае кард. То имрӯз ӯ яке аз бонуфузтарин рӯзноманигорони таърих ба ҳисоб меравад.
Астронафт Ҷон Гленн ҳам дар ҳамин қатор аст. Дар сабқати шадиди кайҳонӣ дар солҳои 1950 ва 1960 марде ба майдон омад, ки аввалин кайҳонаварди амрикоӣ шуд. Вақте ки Иёлоти Муттаҳида бо Иттиҳоди Шӯравӣ барои бартарӣ дар ин самт мубориза мебурд, аввал ба кайҳон ва сипас ба моҳ ҳамин марди нотарсу фидоӣ Ҷон Гленн қадам гузошт. Вай бо вуҷуди тарки донишгоҳ, қаҳрамони ҷанг ва яке аз маъруфтарин кайҳоннавардони таърих шуд.
Муассиси ширкати овозадори Apple Стив Ҷопс низ дар ҳамин раддабандӣ қарор дорад. Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри бисту якум бузургони бешуморе буданд, ки бидуни хатми коллеҷ, донишгоҳу донишкада корҳои аҷибу мондагоре мекарданд, ба монанди Билл Гейтс (Майкрософт) ва Марк Зукерберг (Facebook). Аммо шояд таъсирбахштарини шуури «технологӣ» дар асри гузашта Стив Ҷобс, муассиси ширкати оламшумули Apple буд. Ҷобс ва Стив Возняк аввалин компютерҳои муваффақро офариданд ва маҳсулоти сершумори инқилобиро ба монанди iPod, iPhon ва iPad ҷорӣ карданд. Ҷобс ин корро замоне ба амал овард, ки ҳамагӣ шаш моҳ дар донишгоҳ таҳсил карду тамом, гузошту рафт.
Воқеан, Ҷобсро ба фарзандӣ қабул карда буданд. Модари биологии ӯ розӣ шуда буд, ки ӯро ба Клара ва Пола Ҷобс танҳо ба шарте бидиҳад, ки вай дар донишгоҳ таҳсил кунад. Агарчи ин хоҳиш танҳо қисман иҷро шуд, аммо хеле беҳтар буд.
Соима Саидӣ