Шириншоҳ Шоҳтемур — арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон ва қаҳрамони Тоҷикистон, инчунин яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Шириншоҳ Шоҳтемур аз ноҳияи Шуғнони Помири ғарбӣ ҳаст. Соли 1899 дар деҳа ба дунё омад. Зиндагиашон бо деҳқонӣ мегузашт ва шароити на он қадар хуб доштанд. Шириншоҳ ҳамагӣ 8 ё 9 сол дошт, ки аз волидайн маҳрум монд. Маълум,ки зиндагонии сахту вазнин кӯдаки хурдсолро дар қӯраи мушкилиҳои даврон пухтаву мустаҳкам намудааст. Аз пайванди калимаи “Шоҳ” дар ному насаби қаҳрамон маълум аст, ки аз авлоди саидиён, яъне зиёиёни рӯҳонӣ буд. Шириншоҳ то синни 12-солагӣ бо бародар боқӣ монд ва баъдан ба интернати шаҳри Хоруғ, ки бори аввал дар Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд, чор сол таҳсил намуд. Шириншоҳ ҳанӯз аз 14 солагиаш бо пули меҳнати худаш зиндагӣ карданро омӯхта буд. Соли 1914 дар сини 15-солагӣ мактаби мазкурро хатм намуда,аз Помир ба Тошканд омад. То моҳи декабри соли 1914 ба сифати пешхизмат ва дарбон дар оилае кор кард. Баъдан дар як омӯзишгоҳ фаррош шуд, ҷое дигар мардикорӣ кард, сонӣ кондуктори трамвай, боз баъдтар ба сифати бағочдеҳи поезди боркаши роҳи оҳан кор кард. Хуллас устухонаш бо заҳмати сангину вазнин шах шуд. Аз январи соли 1917 то 26 август дар назди муаллиме барои дохил шудан ба курсҳои дусолаи педагогӣ омодагӣ дида, 26-август имтиҳони чор синфи хатмкардаашро супурда, дар сини 18-солагӣ ба синфи аввал дохил гашт. Соли 1917 омӯзишгоҳи мазкур баста шуд. Ӯ маҷбур гашт аз моҳи сентябр ба семинарияи муаллимтайёркунии ш. Тошканд шомил шавад. Дар семинария , ки шӯъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогӣ ном дошт, то соли 1921 таҳсил намуд. Пас аз ба итмом расондани мактаб аввал дар ҳайъати 500 нафараи ба ном «студентони пролетарӣ» шомил гардид, баъдан дар вазифаҳои гуногуну шаҳрҳои гуногуни Туркистони он давра фаъолият дошт. То тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар ш. Тошканд кор кард. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна (соли 1924) ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, Шириншоҳ Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъин гардида, ба ш. Душанбе ба кор фиристонда шуд. Дар ин замон дар нимаи якуми солҳои бистум Шириншоҳ Шоҳтемур аввал дар котиботи Шӯрои Кумиссарони Халқӣ, сипас ба ҳайси инструктори шӯъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК ҶМШС Туркистон кор карда, ҳамчунин узви президиуми кумитаи инқилобии тоҷик буд. Дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун идеолог тавонист масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. Ӯ Ҳасан Ирфонро масъули рӯзнома таъин кард. Устод Садриддин айнӣ, Нисор Муҳаммад, А Муҳиддинов, С. Ализода,Т.Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Хуҷандӣ, А. Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи тоҷикнишин ҳамкорони фаъоли “Овози тоҷик” буданд. Оғози нашри ин рӯзнома дар замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдорони ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард. Роҳбарони вақти Ҷумҳурии Ӯзбакистон рӯзномааро ҳамон замон бастанӣ мешаванд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ин хатарро фаҳмида, зуд аз Тошканд ба самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Айниро пайдокарда, маслиҳатҳои судбахши ӯро мегиранд. Бо маслиҳат рӯзнома ба мақоми (органи) оргбюро (Барои ташкили кумитаи инқилоби тоҷик) табдил дода мешавад ва аз хатар эмин мемонад. Шириншоҳ Шоҳтемур бо таъсиси ин рӯзнома иқтифо намекунад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шумораву теъдоди ин рӯзнома зиёд ва сатҳи он баланд бардошта шавад, то ба оммаи васеи тоҷикон дар манотиқи гуногун дастрас гардаду асари нек гузорад.
Гиромидошти хотира
Соли 2006 Шириншоҳ Шотемур, ки яке аз шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мебошад, дорандаи унвони олии давлати Тоҷикистон – Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба номи ӯ гузошта шудааст. Якчанд кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ низ бо номи Шириншоҳ Шотемур номгузорӣ гардидааст.