Рубрики Хабарҳо

Толибон дар ду соат ду музофоти ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол карданд

Бино ба гузориши шабакаи 1TV Толибон пас аз ишғол кардани вулусволии Янги- Қалъа, бо гузашти чанд соат боз музофоти Дарқадро низ забт намуданд

Ҷангиёни толибон давоми як рӯз ба ишғол намудани ду минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон муваффақ шуданд.

Хабари забт намудани ин вулусволиро низ волии Тахор Ҷавод Ҳиҷрӣ тасдиқ намуд ва афзуд, ки дар ин манотиқ ҳанӯз ҳам даргирӣ миёни толибон ва мақомоти афғон идома дорад.

Қаблан волии Тахор Ҷавод Ҳиҷрӣ гуфта буд, ки ҷангиёни толиб минтақаи Янги – Қалъаро пас аз он ки нерӯҳои Афғонистон онро тарк карданд, забт намуданд.

Мақомоти афғон танҳо ба хотири пешгирӣ аз талафоти аҳолии мулкӣ маҷбур шуданд,то қаламрави ин минтақаро тарк кунанд. 

Маврид ба зикр аст, ки давоми як ҳафтаи охир ҷангиёни толиб аллакай се минтақаи наздисарҳадиро ишғол намудаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *